қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, №7-9, мод. 574; с. 2019, №7, мод. 470; с. 2020, №7-9, мод. 612) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 2 калимаҳои «се» ва «шаш моҳ» мувофиқан ба калимаҳои «як» ва «понздаҳ рӯз» иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тағйирот дохил карда шавад, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда бошад, давраи то дастрас шудани нусхаи ин сабт ба муҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда намешавад.»;
- ба қисми 4 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҷавоби хаттӣ аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомат бояд дар муддати на дертар аз 15 рӯз пешниҳод карда шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1763
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2020, № 260
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 123
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2021 №: 24 - 25 Мутолиа карданд: 1824