қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 3:
- дар қисми 2 калимаҳои «эҳтиёҷоти гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиати онҳо бо расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ алоқаманд аст» ба калимаҳои «эҳтиёҷоти иҷтимоии гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиатҳои он барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, алоқаманданд» иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.»;
- дар қисми 5 калимаҳои «ҳисоби» ва «бошад» мувофиқан ба калимаҳои «суратҳисоби» ва «бошад ва дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «маҳалла» калимаҳои «ва қатъ кардани ваколатҳои он» илова карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- интихоби ҳайати Комиссияи назорати молиявӣ ва пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои он»;
- дар сархати нуҳум калимаи «миқдори» ба калимаи «андозаи» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 8:
- дар сархати шашум калимаҳои «оид ба нигоҳдорӣ, ободонӣ ва» ба калимаҳои «оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ, ободонӣ ва беҳдошти» иваз карда шаванд;
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаи «нӯшокӣ» калимаҳои «,оби полезӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «маросимҳои» ба калимаи «маросими» иваз карда шавад;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «маросимҳои» ва «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «маросими» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуздаҳум калимаи «инкишофи» ба калимаи «рушди» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 9:
- дар сархати дуюм калимаи «маросимҳо» ба калимаи «маросим» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои «маҳфилу шабнишиниҳои ҳунарӣ» ба калимаҳои «маҳфилҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳо» иваз карда шаванд;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташхису сироятнопазир кардани чорвою паранда, тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, корҳои санитарию эпидемиологӣ ва мониторинги экологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд;».
6. Матни моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Комиссияи назорати молиявӣ санҷишҳои зеринро амалӣ менамояд:
- фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
- ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ;
- иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
- хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.».
7. Сархати сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурию ҳудудии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;».
8. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 18 калимаҳои «ҳисоби байнихудии» ба калимаи «ҳисоббаробаркунии» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1770
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 25 ноябри соли 2020, № 255
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 130
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2021 №: 24 - 25 Мутолиа карданд: 1898