иҷтимоиёт
БАРНОМАИ МУҲАББАТ БА ВАТАН
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар оғози соли 2021 як рӯйдоди нодири таърихӣ гардид, зеро имсол бо ҳузури Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Паёми навбатӣ як ҳуҷҷати шоистаи таърихӣ, раҳнамо ва барномаи саодати мардум ба шумор меравад.
Дар заминаи таҳлили амиқ ва дақиқи рӯйдодҳои соли 2020, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти зиёде ба бор овард, Пешвои миллат неруи муқтадири халқи азизи хешро эътироф намуда, таъкид доштанд: «Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем». Ин бовар ва эътимоди Сарвари давлат ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва садоқати мардуми хеш дар баробари рӯҳбаландии халқ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва рисолати бузурги созандагиро боло мебарад. Бо камоли таҳаммулпазирӣ паси сар намудани ин соли душвору мушкил, канори ҳам қарор гирифтану ба ҳамдигар ёрӣ намудани аҳолии кишвар нишон дод, ки мардуми тоҷик дар садоқату ормоншиносӣ, ташаббускориву ободкорӣ пойбанди тамаддуни гузаштаи хеш ҳастанд.
Руҷӯи Пешвои миллат ба эҳёи суннатҳои миллӣ, ки аз ҷумлаи муҳимтарин рукнҳои оини давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад, бори дигар моро ба роҳи худогоҳии маънавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ раҳнамун месозад. Ба таъбири Президенти мамлакат, тоҷикон «ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».
Ҳамин тавр, барои такмили ин рукни муҳими оини ватандорӣ ва худшиносии миллӣ, ки дар шароити нави таърихӣ ҷомеаи мо ба он ниёз дорад, таваҷҷуҳ ба омӯзиши мероси таърихиву фарҳангӣ ва тарғиби он барои ҷаҳониён аз ҷумлаи рисолати бузурги аҳли зиё, донишмандону олимон, шоирону нависандагон, васоити ахбори умум ба шумор меравад. Зеро, воқеан ин хазинаи бузурги маънавии миллат дар амри раҳкушоӣ ба сӯи музаффариятҳои нав, ташаккули худшиносӣ, расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ва инсонӣ нақши калидӣ дорад. Дар ҳамин асос, Пешвои муаззами миллат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳоро чунин вазифадор намуданд: «Ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».
Агар ба мақоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳи маърифати оини ватандорӣ ва худогоҳӣ мурур кунем, ба рӯшанӣ ҳувайдо мегардад, ки воқеан ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар соли таърихиву ҳумоюн аз ғояву андеша ва ормонҳои миллӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ саршор аст. Барои ҳамин, мо вазифадорем, ки дар навбати аввал ин дастури раҳнаморо ҳамчун чароғи ҳидоят ба самти рӯшанӣ пазируфта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ якҷоя талош варзем. Ва чунон ки таъкид шуд: «Корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».
Боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди тоҷик аз Паёми Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои он бо амри дил иқдом хоҳанд намуд, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо беҳтарин ҳадяҳои маънавӣ ва корномаҳои созанда истиқбол бигиранд.
Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филологӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2021 №: 24 - 25 Мутолиа карданд: 600