logo

фарҳанг

МУЖДАИ НАХУСТИНИ БАҲОР

Сада яке аз ҷашнҳои эрониён ва мардуми форсизабон мебошад, ки дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробар ба 30 январ) баргузор мегардад. 
 
Бинобар тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши Ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва монанди он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва, ҳатто, аз он ҳам дуртар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ Ҷашни Садаро интихоб карданд. Агар рамзи асосии Наврӯз суманак бошад, дар Ҷашни Меҳргон дастоварди марди деҳқон, ки онро бо ҳазор ранҷу азоб ба даст оварда, дар ин айём меғундорад, дар идгоҳ таваҷҷуҳи хосса дорад, вале Сада ҷашнест, ки ба гармиву рӯшноӣ иртибот дошта, асоси онро оташ ҳамчун рамзи гармӣ дар бар мегирад.
 Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Сада ба забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулӯъ кардан» ва ба забони ориёӣ «оташ»  будааст. Як идда  олимон ақида доранд, ки сабаби Сада ном гирифтани ин ҷашн ба он хотир мебошад, ки он дар вақти  50 шабу 50 рӯз боқӣ мондан то фарорасии Наврӯз таҷлил мегардад. Он рамзи рафтани фасли дай ва муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба киштукор мебошад.
Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандану тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт машғул мешуданд.
Доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни Сада Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст, аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу (чормағз), бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву (бозӣ) шодӣ кунанд.  Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб …». Аз рӯи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузашгагони мо эҳтироми хосса менамуданд. 
Мувофиқи маълумоти бостоншиносон Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, вале баъдан бо андешаҳои хурофотона таҷлили он қатъ гардид.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ фарзандони барӯманди миллати тоҷик илман собит намуданд, ки ин ҷашн ба ягон дину мазҳаб иртибот надорад, он ҷашни кайҳону табиат аст ва Сада мутобиқ ба замони имрӯз дубора эҳё шуд.
Хушбахтона, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии ниёгони мо дубора эҳё шуданд. Инак имрӯз, ки Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, Меҳргон ва Садаро низ ҳама мешиносанду гиромӣ медоранд.
З. ПӮЛОТОВА, 
корманди илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии 
таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед