ҳуқуқ
“ХИЁНАТ” СИМОИ АҲРИМАНСИРИШТИ МУҲАММАДИҚБОЛРО ИФШО КАРД
Чанде пеш аз тариқи Телевизиони Тоҷикистон қисми 7-уми филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки он чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддинро рӯшан намуд. Ба таҳиягарон муяссар гардидааст, ки холисона амалҳои нопоки ӯро, ки бар зидди манофеи давлату миллати тоҷик нигаронда шудаанд, ошкор созанд.
Чуноне аз филм бармеояд, Муҳаммадиқбол фарзанди яке аз пайравону сарсупурдагони ҳизби наҳзати ислом Муллоқаландар мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз тарафдорони ин ҳизби ифротгаро аввали солҳои 90 - уми асри ХХ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мардуми кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бар асари он зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Ба иқтисодиёти мамлакат бошад, зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА хисорот расид.
Вале бо ин ҳама ин гумраҳон то ба ҳол ором нашудаанд ва дар хориҷи кишвар ба сар бурда, амалҳои разилонаи хешро идома медиҳанд. Муҳаммадиқболу ҳаммаслаконаш, ки риёкорӣ асли онҳост, бо паҳн кардани иттилооти дурӯғин мехоҳанд боз фазои орому осудаи кишварро халалдор созанд. Ҳамагон медонанд, ки тамоми кӯшиши онҳо на барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дини мубини ислом, балки баҳри ба даст овардани манофеи шахсӣ мебошад. Ин қабил афрод аз шарафу номус ва родмардиву ҷавонмардӣ хабаре надоранд ва ҳамин аст, ки даст ба беномусӣ мезананд. Шарафу номус таҷовузнопазиранд, агар ин ду арзиши инсонӣ рахна шуд ва инсон бешарафиву беномусии худро ба намоиш гузошт, дер ё зуд шарманда ва радди маърака мешавад, ки ин маъниро эҷодгарони филми мазкур хуб ифшо намудаанд. Чун рафторашон, гуфторашон ва кирдорашон нопок аст, ҳадафҳояшон амалӣ нахоҳад гашт, зеро бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳияи филми мустанади “Хиёнат” саривақтист, чунки ба ҳар аъмоли разилонаи ин гумраҳон бояд ҷавоби муносиб дод. Инчунин, филм моро, бахусус ҷавононро, ҳушдор медиҳад, ки ба доми тазвири чунин бадандешону аҳримансириштон наафтем.
Шафоат ҲОШИМОВА, устоди ДДХ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2021 №: 24 - 25 Мутолиа карданд: 2527