иҷтимоиёт
ҶАЙҲУН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ВАРЗИШ
Дар боғи марказии фароғатӣ - фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қудратулло Собиров ба маблағи беш аз 240 ҳазор сомонӣ майдончаи варзиш барои бозии баскетбол ва волейбол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонд.
Соҳибкор Қудратулло Собиров иттилоъ дод, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзиш болопӯш хоҳад шуд.
Дар як шабонарӯз то 100 ҷавон дар иншооти мазкур ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейбол, теннис, баскетбол, муштзанӣ ва гӯштӣ машғул мешавад. Инчунин, барои машқу тамрини дастаи яккачини духтарони волейболбози ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Барои бунёди маҷмааи варзиш (майдончаи варзиш, ҷойи тамрини гӯштигирону боксчиён) ва бо асбоби варзиш муҷаҳҳазондани он наздик ба ним миллион сомонӣ масраф шудааст.
Раиси вилоят даъват кард, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар, ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз чанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2021 №: 24 - 25 Мутолиа карданд: 644