фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
416 250 КАЛИМА ДАР ЯК ДАҚИҚА
9 сентябри соли 1989 дар Маркази таҳқиқоти зеҳнии шаҳри Киев озмуни байналмилалии хонандаи тезсуръаттарини ҷаҳон баргузор гардид. Дар он Евгения Алексеенко (Украина) 416 250 калимаро дар як дақиқа хонда, ғолиб омад, ки рекорди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Евгения метавонад маҷаллаи миёнаҳаҷмро дар зарфи 30-40 сония хонад.
Руқия ҚУРБОНОВА
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Сагча кирои таъриф буд. Лӯб - лӯндаи фарбеҳак, чашмакош милтос мезанад. Фақат ҳафтрӯза шудаасту даст дароз кунед, дасташро медиҳад. Ҳамон рӯзи овардаам дар тағора оббозӣ дорондам. Модарам оби ширгарм мерехт, ба чашмаш собун нарасад, ба гӯшаш об надарояд, гуфта маслиҳат медод. Модаркалонам дар гӯшае ғур - ғур карда менишаст.
* * *
Файзи муҳаббат мерасад аз ҳар канорат, эй Ватан!
Субҳи саодат мевазад дар раҳгузорат, эй Ватан!
Эй кишвари хушранги ман, ҳастӣ Ҳисори нанги ман!
Эй сар ба по ҳусни ҳунар, эй дилрабо аржанги ман!
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 29 январи соли 2021:
Саттор Турсун, Сайдалӣ Маъмур.
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Мардикор чанд рӯз кор кард?
Мансабдоре мардикореро дар муддати 30 рӯз киро карда, ба ҳавлиаш оварда гуфт: «Барои ҳар як рӯзи кориат 80 сомонӣ пул медиҳам, ба шарте, ки барои ҳар як рӯзи ба кор набаромаданат 10 сомонӣ ҷарима диҳӣ». Мардикор ба ин шарт розӣ шуда, ба кор сар кард. Дар охир, баъди гузаштани 30 рӯз маълум шуд, ки мансабдор ба мардикор ягон дирам пул намедиҳад, яъне аз ҳамдигар қарздор нестанд, чунки мардикор дар ин муҳлати нишондодашуда, баъзан ба кор мебаромад ва баъзан не! Оё шумо гуфта метавонед, ки мардикор чанд рӯз кор кард ва чанд рӯз ба кор ҳозир нашуд?
Ҷавоб ба муаммои «Ҷашни Сада», аз 29 январи соли 2021
1. Форсизабонҳо, 2. Оташ, 3. Шомгоҳ, 4. Ҳурмузд, 5. Деҳқонон, 6. Наврӯз, 7. Зимистон, 8. Некӣ, 9. Истиқлолият, 10. Тақвим, 11. Митра, 12. Авесто, 13. Обанбор, 14. Раҳим, 15. Манижа, 16. Атлас, 17. Сино, 18. Офтоб, 19. Бохтар, 20. Рустам, 21. Мунис, 22. Сомонӣ, 23. Исм, 24. Муаллиф.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НАСРИДДУНИ ТУСӢ ВА КАШФИ ҚУВВАИ ҶОЗИБАИ ЗАМИН
Насриддуни Тусӣ, ки аз ҷумлаи донишмандони форс - тоҷик аст, ҳанӯз дар замони худ куррашакл будани Заминро собит намуда буд. Суоле, ки баъди ин кашфиёт ӯро азият медод, ин буд: Замин куррашакл аст, аммо чаро одамони болои он буда намеафтанд? Баъди таҳқиқоти зиёд ба хулосае омад, ки Замин қувваи ҷозиба дорад ва ин қувва ба маркази Замин равона аст. Ба ин хотир дар кадом нуқтаи Замин, ки бошем, поямон ҳамеша тарафи Замин қарор дорад. Ин андеша дар илм инқилоби бузург буд, ки бо гузашти асрҳо Исаак Нютон онро такмил дод ва таърифи қувваи ҷоизибаи Заминро пешниҳод намуд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПИКАССО
Як табиби саршиноси франсуз аз рассоми машҳури ҳамасраш Пабло Пикассо эрод мегирад:
-Ҳамчун донандаи анатомияи инсон, шуморо бовар мекунонам, ки чеҳраҳои офаридаатон аз нигоҳи тиб шубҳаноканд, мисле, ки бемор бошанд.
-Шояд, вале чун донандаи санъати асил шуморо бовар мекунонам, ки қаҳрамонҳои ман аз мизоҷони шумо умри бештар мебинанд,- мегӯяд Пикассо.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
БЕРНАРД ШОУ
Пас аз анҷоми яке аз пйесаҳояш, Бернард Шоу, ки садои ҳуштаку кафкӯбиҳоро нашунид, маҷбур худаш ба саҳна баромад ва аз тамошобинон пурсид:
- Хуш, дар бораи пйесаи ман чӣ андеша доред?
Дар ҳоле ки мардум аз дидани чеҳраи Шоу дар ҷояшон шах шуда буданд, яке аз онҳо гуфт:
- Фач, бениҳоят фач.
- Ман ҳам ба фикри шумо мувофиқам, ҷаноб, вале чӣ кор кунем, ки овози ду нафари мо бар муқобили овози як толор одам ҳеҷ арзише надорад, - мегӯяд Шоу.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЯКЕ АЗ МАҲАЛҲОИ МУАММОАНГЕЗИ РӮИ ЗАМИН
Аксарият, аллакай, рӯихати зеботарин мавзеъҳои ҷолибу дидании кишварҳоро аз роҳнамоҳои сайёҳӣ аз ёд кардаанд. Вале, дар дунёи муаммоангези мо дар қатори зебоиҳо, воқеан, ҷойҳои асроромезе ҳастанд, ки на танҳо сайёҳон, балки олимонро низ ба худ ҷалб мекунанд. Яке аз онҳо фаввораи оби ҷӯшони зеризаминӣ дар ИМА мебошад. Пайдоиши он мансуб аст ба мудохилаи инсон.
Соли 1916 дар ин маҳал чоҳеро пармакорӣ намуда, кисаи геотермалиро канданд. Соли 1964 оби ҷӯшон шурӯъ ба боло баромадан намуд ва аз минералҳои дар об маҳлулшуда манзараи ғайриодиеро ба вуҷуд овард. Деворҳои фаввораи мазкур то ба имрӯз васеъ мешаванд. Минералҳо (карбонати калсий), обсабзаҳо ва бактерияҳои сианӣ ба он ранги имрӯзаро медиҳанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ЧӢ ҚАДАР ХУБ АСТ, БА АТРОФ БО ДИДИ МУСБАТ БИНГАРӢ
Профессор Маҳмуд Ҳисобӣ, донишманди эронӣ, менависад: Дар давраи таҳсилам дар Амрико, бо як духтари амрикоӣ бо номи Катрина ва ҷавоне бо номи Филип ҳамгурӯҳ шудем. Аз Катрина пурсидам: Филипро мешиносӣ? Катрина гуфт: Оре, ҳамон писаре, ки мӯйҳои баланду зебо дорад ва дар қатори пеш менишинад. Гуфтам: Намедонам киро мегӯӣ. Гуфт: Ҳамон писари хушахлоқе, ки маъмулан пироҳан ва шалвори рӯшану зебо мепӯшад. Гуфтам: Боз ҳам нафаҳмидам манзурат кист. Гуфт: Ҳамоне, ки ҳамеша бо табассум ба ҳама салом медиҳад. Ман боз ҳам нафаҳмидам, ки манзураш кӣ буд. Сипас Катрина овозашро каме поин оварду гуфт: Филип, охир ҳамон писари меҳрубоне, ки рӯи аробачаи маъюбӣ менишинад. Ин бор диқиқан фаҳмидам, ки киро мегӯяд, аммо амиқан ба фикр фурӯ рафтам. Одам бояд чӣ қадар нигоҳаш ба атроф мусбат бошад, ки тавонад аз вижагиҳои манфӣ ва нуқсҳо чашмпӯшӣ кунад. Чӣ қадар хуб аст мусбат дидан. Бо худам гуфтам: Агар Катрина аз ман дар мавриди Филип мепурсид, чӣ мегуфтам? Ҳатман сареъ мегуфтам: Ҳамон писари маъюб. Вақте нигоҳи Катринаро бо дидгоҳи худ муқоиса кардам, хеле хиҷолат кашидам. Ҳоло мо чи дидгоҳе нисбат ба атрофиёнамон дорем, мусбат ё манфӣ?
Таҳияи Нигина РАҲМОН
АЗ ОЛАМИ КОИНОТ
Рӯзи якшанбеи гузашта ширкати SpaceX киштии кайҳонии «Falcon 9»-ро бо нишондоди рекордии 143 моҳвора ба ҳаво сар дод. Қаблан интиқоли моҳвораҳо бо киштӣ анҷом дода мешуд, вале бо ин теъдод бори аввал. Киштӣ тақрибан баъди нуҳ дақиқа бо усули худкор дар уқёнуси Атлантик фуруд омад. Вале моҳвораҳо танҳо пас аз як соати парвоз ба мадори Замин расида, аз ҷумла 133 моҳвораи тиҷорӣ ва давлатӣ ба омӯзиши коинот шурӯъ карданд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АГАР БОВАР БА ХУД БОШАД…
Ин бор сухан дар бораи Курт Дегермани шведӣ меравад, ки бо вуҷуди худсозиҳояш замоне дар кӯча монд. Аммо ба тақдир тан надода, роҳи баромадан аз бунбастро меҷуст. Шишаву зарфҳои дигари холиро ҷамъ оварда, ба нуқтаи қабул месупурд ва аз ин ҳисоб ночиз ҳам бошад, даромад ба даст меовард. Як қисми онро танҳо барои хӯрок сарф мекарду боқимондаашро захира.
Дар вақтҳои холӣ аксаран рӯзашро дар китобхона кӯр мекард. Биржаи ҷаҳониро меомӯхт ва дар охир тасмим гирифт, дороии андакашро ба фонди яке аз ширкатҳои муваффақи шведӣ гузаронад. Вақте соли 2008 дар синни 60 – солагӣ аз олам гузашт, як хабар ҳамаро ба ҳайрат овард: сармояи Курт ба 1,4 миллион доллар баробар гашта буд, ки наздики 300 ҳазорашро тилло ташкил медод.
Мурод аз овардани рӯзгори ӯ чист? Яъне, инсон дар ҳар шароите метавонад муваффақ гардад, агар бовар ба худ ва ояндаи накуи худ дошта бошад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
НИДЕРЛАНДИЯ. МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ «САЙЁР»
Дар пойтахти Нидерландия – шаҳри Амстердам муассисаи таълимии «de kleine kapitein» мавҷуд аст, ки метавонад ҳатто сайёҳони ботаҷрибаю дунёдидаро ба ҳайрат орад. Бинои муассиса соли 2009 ҳамчун иморати муваққатӣ сохта шудааст. Ин иморат ба волидони хонандагон он қадар писанд омад, ки онҳо тасмим гирифтанд то фарзандонашон мактабро тарк накунанд. Чунин мактаби «сайёр» - и гуногунранг метавонад ҳар лаҳза ба ҷои дигар кӯчад. Инчунин, он хеле арзон аст. Фаъолияти чунин муассиса роҳи ҳалли яке аз масъалаҳои мубрами шаҳр - афзоиши босуръати аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДУХТУРОНИ ФАРОНСАВӢ ДАР ДУНЁ АВВАЛИН ШУДА ТРАНСПЛАНТАТСИЯИ ДУ ДАСТ ВА КИТФРО АНҶОМ ДОДАНД
Дардманд дар 23 - солагиаш бар асари лат бардоштан дар истеҳсолот маъюб гардид. Духтурон ба наздикӣ донори мувофиқро пайдо карданд ва ба ҷарроҳии ғайриодӣ даст заданд.
Феликс Гретарссони исландӣ дар дунё аввалин беморе гардид, ки ба ӯ ду даст ва китф насб намуданд. Дар синни 26-солагӣ ӯ дар хати баландшиддати интиқоли барқ кор мекард. Бо сабаби баланду паст шудани ҷараёни барқ, қисми зиёди бадани ӯ сӯхту шикаст ва муддати се моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Ба хотири ҳифз намудани ҳаёти бемор ба духтурон лозим омад, ки ӯро ампутатсия намоянд,- менависад The Natuonal.
Пас аз гузашти 23 сол доноре пайдо шуд, ки барои трансплантатсия мувофиқ буд. Ҷарроҳӣ 15 соат тӯл кашид ва дар он гурӯҳи ҷарроҳон иштирок намуданд. Ду гурӯҳ барои ҷудо кардани дастҳо ва китф ва ду гурӯҳи дигар бошад, ба интиқол ва насби он машғул шуданд. Алҳол марди 48-сола худро хуб эҳсос мекунад ва саломатиаш рӯ ба беҳбудист.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ХУНУКТАРИН БОЗОРИ ҶАҲОН
Бозори хунуктарини ҷаҳон дар Ёқутистон (Россия) - бозори деҳқонони «Сайсари» мебошад. Дар ин бозор моҳӣ ва гӯшти яхкардашуда мустақиман дар растаҳо фурӯхта мешавад, зеро яхдон, умуман, лозим нест. Ҳарорати берунӣ то - 60 дараҷа буда, ҳарорати маъмулии зимистон барои сокинони маҳаллӣ - 40 дараҷа аст. То 30 дараҷа расидани ҳаво барои фурӯшандагон гарм ба ҳисоб меравад.
Таҳияи М. БАҲРОМ
АДИБОНЕ, КИ ТО 25-СОЛАГӢ НОМ БАРОВАРДААНД
Михаил Лермонтов, адиби бузурги рус, соли 1814 ба дунё омадааст. Ӯро хонандагону адибони замонаш ҳанӯз дар 15-солагӣ чун муаллифи аввалин версияи (нусхаи) достони «Демон» (достон иборат аз ҳашт версия) шинохтаанд. Бинобар он ки сензураи подшоҳӣ чопи ин дос-тонро дар нашрия манъ карда буд, он дар шакли дастхатҳо байни хонандагон паҳн гардид.
Ӯ, инчунин, воқеаҳои сарнагун шудани тахти сулолаи подшоҳиро дар Россия ҳини 16-солагиаш чунин пешгӯӣ намудааст: «Соле меояд, барои Россия соли тирагун, вақте тоҷи подшоҳон «ба замин мезанад».
Ӯро барои шеъри ба даргузашти Александр Пушкин бахшидааш бо номи «Ба марги шоир», ки дар он сиёсатмадорони онвақтаро ҷаллод ном бурдааст, бадарға менамоянд. Соли 1841 риштаи умраш гусаста мешавад. Бори аввал пас аз марги адиб маҷмӯаи ашъораш дар Германия чоп мегардад.
Таҳияи Иронби МӮСОЗОДА
ШАЙТОН - ФАРМОНБАРДОР
Зани нотавоне, ки зиндагии камбағалона дошт, тавассути барномаи радиоӣ тамос гирифта, андешаҳояшро нисбати мавзӯъ баён намуд ва дар охири суханаш аз мушкилоти худ гуфта, аз Худо кумак хост.
Марди беимоне, ин барномаро гӯш карда, хост пиразани камбағалро масхара кунад. Аз ин рӯ, нишонии ӯро ёфта, тавассути ёвараш тамоми камбудиҳои хонаи занро харида, фиристод.
Зимнан ба ёвараш гуфт: - Агар он зан пурсад, ки чӣ касе ин ғизоҳоро фиристод. Бигӯ, ки шайтон!
Вақте ёвари он мард ба хонаи зан расид ва савғотиҳоро дод, зан аз ин доди Худо шукргузорӣ карда, савғотиҳоро ба кулбаи фақиронааш бурданӣ шуд. Ёвари он мард ба зан гуфт:
- Намепурсӣ, ки чӣ касе инҳоро фиристод?
Зан дар ҷавоб гуфт:
- На, муҳим нест. Вақте Худо амр кунад, ҳатто шайтон ҳам фармонбардорӣ мекунад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР
ҲИКМАТИ ЯК ИЗДИВОҶ
Рӯзе ҳокими куҳансоли як вилоят ҳамроҳи ҳамсараш барои хӯрдани хӯроки шом ба ошхонае, ки маъмулан барои одамони миёнаҳол буд, ташриф оварданд. Соҳиби ошхона аз ҳоким пурсид, ки оё метавонад дар алоҳидагӣ бо ҳамсари ӯ суҳбат кунад? Ҳоким иҷоза дод. Чун хонум баргашт, ҳоким пурсид, ки чаро ин мард ин қадар муштоқи суҳбат бо ту буд?
Ҳамсараш гуфт:
- Соҳиби ошхона иброз дошт, ки дар ҷавониаш девонавор ошиқи ман будааст.
Сипас, ҳоким гуфт:
- Агар ту бо ӯ издивоҷ мекардӣ, ҳоло соҳиби ин ошхона будӣ.
Ҳамсараш дар посух гуфт:
- Агар ман бо ӯ издивоҷ мекардам, ҳоло ӯ ҳокими як вилоят буд.
Инҷо сухани Шиллер ба хотир меояд, ки гуфтааст: «Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст».
Таҳияи Л. ШАРИФЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2021 №: 27 Мутолиа карданд: 843