иҷтимоиёт
РАШТ. ШУҲРАТИ ПЕШИНАИ БОҒПАРВАРӢ БАРҚАРОР МЕГАРДАД
Замоне боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқи ноҳияи Рашт буд ва рушду нумӯи он имконият фароҳам меовард, ки 80 дарсади сокинони деҳот ба ин соҳа рӯ оваранд. Аксари сокинони ноҳия, дар баробари бунёди хонаҳои замонавӣ, тавонистанд, ки аз ҳисоби фурӯши мева соҳиби мошинҳои сабукрав низ гарданд. Он айём шуҳрати себу ноки Рашт ҳатто аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун рафта буд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ин нуктаро таҳти назорат гирифта, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳа дар даврони истиқлол пайваста талош менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки тайи ду соли охир дар ин самт пешравиҳо назаррасанд.
Аз суханронии раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бармеояд, ки соли сипаригардида низ дар рафти бунёди боғҳои нав ва навсозии боғҳои харобгардида корҳои хуб ба анҷом расонда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, соли сипаригардида бунёди 69 гектар боғи нав ва барқарорсозии 74 гектар боғи куҳна ба нақша гирифта шуда, 73 гектар боғи нав бунёд ва 83 гектар боғи куҳна барқарор гардид. Яъне нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро шуд.
Боғпарварони ноҳия соли сипаришуда дар баробари ба даст овардани даромади хуб, тавонистанд бозорҳои ҷумҳуриро бо меваи хушсифат таъмин намоянд. Дар баробари ин, ба боғпарварон лозим аст, ки барои паҳн кардани навъҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Аз гуфтаи мутахассисон бармеояд, ки солҳои охир дар боғҳои ноҳия навъи себи хубонӣ кам шудааст. Ба боғпарварон лозим аст, ки ниҳолҳои боғи худро аз пайванди ин навъи себ зиёд намоянд. Себи хубонӣ ба иқлими ноҳияи Рашт мувофиқ буда, дар сурати ба ҷо овардани қоидаҳои зарурӣ метавон ҳосили фаровону хушсифат ба даст овард.
Бояд тазаккур дод, ки боғдорӣ дар ноҳия аз ҳисоби заминҳое, ки солиёни зиёд бекор мехобиданд ва дар он мавзеъҳо кишти дигар намуди зироатҳо имконият надорад, рушд меёбад. Боғпарварон аз баландиҳо ба боғҳои навбунёд хати оби полизӣ оварда, қитъаҳои харобазорро ба боғҳои сарсабзу хуррам табдил медиҳанд.
Умед аст, ки дар асоси нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳори соли равон масоҳати боғҳои дарахтони мевадиҳанда аз ҳисоби чунин заминҳо васеъ мегардад ва сокинони ноҳия шуҳрати пешинаро дар ин самт дубора эҳё мекунанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2021 №: 27 Мутолиа карданд: 763