logo

иқтисод

БАДАХШОН. ИМКОНИЯТҲОИ ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТ ЗИЁДАНД

Дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2021 ва таъмини иҷрои он дар соли 2019 мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

 
Хурсанд Вафобекзода, сардори сарраёсати молияи вилоят, иттилоъ дод, ки соли гузашта барои таъмини эҳтиёҷоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби бақияи сарисолӣ 665,9 ҳазор, иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷет 3,2 миллион ва фонди захиравии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят 397,4 ҳазор сомонӣ равона шуд. Сарфи назар аз коҳишёбии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иҷрои нақшаи даромади худии буҷети вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 104,6 дарсад (100 миллион сомонӣ) нисбат ба нақша 4,1 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардид. Иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромад аз ҳисоби пардохти 7 намуди андоз таъмин шуд. Аммо аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар ғайр аз ноҳияи Дарвоз дигар ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ аз уҳдаи иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет набаромаданд, ки ин ба иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети вилоят таъсири манфӣ расонд. 
Ба гуфтаи Хурсанд Вафобекзода сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети ин шаҳру ноҳияҳои вилоят  пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмонӣ ва истихроҷӣ мебошад. 
Зикр гардид, ки дар ин давра нақшаи ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,7 дарсад иҷро гардида, маблағҳои мақсаднок ба андозаи 94,1 дарсад ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид гардиданд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмӯъ,  97,6 дарсад иҷро гардид. Бо вуҷуди  мушкилиҳои соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети маҳаллии вилоят соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот 330,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Афзоиши ҳаҷми буҷети вилоят барои имсол нисбат ба соли гузашта 34,2 миллион сомонӣ ё 12 дарсадро ташкил медиҳад. Даромадҳои худии буҷети вилоят барои соли 2021 нисбат ба соли пешӣ 11,5 миллион сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шуданд. 
Ҳангоми баррасии масъалаи таъмини даромади буҷет Ёдгор Файзов, раиси вилоят, оид ба камбудиҳо зимни қабули он соли 2020 изҳори назар намуд. 
- Бе таҳлили дурусти сарчашмаҳои даромад нақшабандӣ кардани буҷет ва пешгӯиҳои молиявӣ ғайриимкон аст. Мо бояд усули корро дар самти вазъи воқеии қабули минбаъдаи буҷети вилоят, ҳисобу китоби дурусти ҳамаи пардохтҳо, аз ҷумла қарздорӣ дар назди соҳибкорон аз ҳисоби хариди ангиштсанг, ҳаққи қувваи барқ, коҳиш додани қарздории нафақа ва ғайра бояд дигар намоем, - зикр дошт раиси вилоят. 
Ҳамчунин, раиси вилоят вобаста ба дарёфти манбаъҳои нави даромад, кам кардани хароҷоти барзиёд дар идораву муассисаҳо, ба андозбандӣ ҷалб намудани субъектҳои хизматрасонӣ табодули назар кард. Ёдгор Файзов изҳори хушнудӣ намуд, ки соли равон ба вазъи номуътадили молиявӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати мамлакат маблағҳои субвенсиониро сари вақт таъмин намуд. Пешниҳоди роҳбарияти вилоят дар бобати бештар ҷалб намудани ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, маблағгузории буҷет аз тарафи  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва  вазоратҳо пайваста ҷонибдорӣ меёбанд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2021    №: 27    Мутолиа карданд: 774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед