сиёсат
ПАЁМ. ҚАДАМҲОИ ТОЗА ДАР РОҲИ РУШДИ БОЭЪТИМОД
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муждарасони ояндаи нек буда, аз корҳои дар ин роҳ амалишаванда дарак медиҳад. Паёми имсола аз паёмҳои солҳои пешин ба куллӣ тафовут дорад.
Назари ояндасози Президенти кишвар дар бобати рушди ҳама самтҳо падидаи муҳимтаринест дар эҷоди давлати навин ва соҳиби иқтидорҳои азими истеҳсолӣ шудан. Эҳёи саноати вазнин – саноати металлургӣ ҷаҳиши наве хоҳад буд, дар таърихи Тоҷикистони дар марҳилаи рушд қарордошта.
Сарвари давлат бо дарки масъулият ба манфиати миллат бори нахуст дар Паём башорат доданд, ки қудрати содиротии кишвар имрӯз рӯ ба афзоиш дорад, аммо ин қонеъкунанда нест.
Ҳанӯз соли 2017 Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар ин сол иқтидори содиротии кишвар афзоиш меёбад. Ин амали ояндабинона имкон фароҳам овард, ки минбаъд воридоти семент аз хориҷа пурра қатъ гашта, содироти ин ашёи баландсифат бо назардошти истеҳсолоти ҷаҳонӣ истеҳсол ва содирот гардад. Ин падидаи арзишманд дар олами сиёсат барои Тоҷикистони тозаистиқлол даричаи навине боз намуд ба сӯи олами равобити мутақобила судманд ва дӯстиву бародарӣ, ки аз рӯзҳои нахуст Сарвари давлат талош ба он доранд.
Нуқтаи муҳиме, ки дар Паём зикр шуд, ин расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз дар Паёми нахустинашон зикр карда буданд.
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Президент сол ба сол роҳи пур аз навидҳову падидаҳои некро тай менамояд.
Дар баробари ин, ҳисси бедории ҷомеа ва болоравии шуури сиёсӣ дар роҳи хештаншиносӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллӣ афзоиш меёбад, ки ин падидаи муҳимтаринест дар роҳи расидан ба ваҳдати кулл.
Маҳз аз ин лиҳоз Президенти кишвар озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” - ро роҳандозӣ намуданд, ки ин амали нек дар байни қишрҳои ҷомеа фазои созандаро баҳри ояндаи ҷомеа падид оварданд. Эълони солҳои 2020- 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таконе хоҳад шуд дар роҳи пешрафти илмҳои дақиқ.
Аз назари сиёсатшиносони ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста ва пешрафти босубот дар ҳама ҷабҳаҳо имрӯз дар қатори даҳ давлати рӯ ба рушд қарор дорад. Ин баҳои ҷомеаи ҷаҳонист, ки кишвари моро аз назари пешрафти тамоми соҳоташ баҳогузорӣ мекунад.
Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаҳои гуногун, ҳаҷми нафақаҳо баланд гардида, баҳри зиндагии шоистаи сокинон қадамҳои нав гузошта мешаванд. Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат ин иқдомро барои донишҷӯён, маъюбон ва дигар қишрҳои ҷомеа роҳандозӣ намуданд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва талошҳои пайгиронаашон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоии миллату давлат, имрӯз мо ба як низоми муайяни рушд ноил гаштем.
Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди боэътимод қарор дорад ва ҳеҷ як қувваи иртиҷоӣ наметавонад садди ин роҳ гардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2021 №: 27 Мутолиа карданд: 714