logo

сиёсат

ПАЁМ РАҲНАМОИ УФУҚҲОИ НАВИ СОЗАНДАГИСТ

Ироаи Паёми Сарвари давлат имсол барои мардуми мо беш аз ҳарвақта аз аҳамияти хосе бархӯрдор мебошад. Зеро мо дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳ ва муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ин санаи фархунда бомаром идома доранд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар оғози ироаи Паём зикр карданд, соли гузашта дар саросари кишвар 18300 иншооти банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеа омили аслии таҳкими истиқлол ва ҳадафи роҳбарияти олии давлат мебошад.

Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли гузашта, ки дар Паёми Президенти мамлакат, махсусан таъкид шуданд, ин ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ мебошанд, ки дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардиданд. Авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ яке аз тадбирҳои муҳимест, ки Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд ва ин нукта ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарҷ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд: “Танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”. 
Маҳз  ҳамин арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар асри ҳозир, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки аз тарафе тақозои замони нав арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлол омили ҳалкунанда бошад. Бо дарки амиқи ҳамин ҷанбаи масъала Сарвари давлат иқдом ба бознашри китоби “Тоҷикон” - и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар хонадон расондани ин асари гаронбаҳо намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати  насли  даврони  истиқлол дар Паёми Пешвои миллат ин гуна мушаххас шуд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.
Қобили зикр аст, ки раванди ба ҷойгоҳи баланд расондани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат ба таври махсус таъкид гардид. Бо назардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакати мо иқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф ва муаррифӣ намуданд, Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни дигари  ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шавад. Агар озмунҳои қаблӣ фарогири  илмҳои гуманитарӣ  бошанд, озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» барои дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар бахши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузорад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.
Зимни ироаи Паём мо шоҳиди ғамхории дигари падаронаи Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии  омӯзгорон  ва  падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ  андешанд. Тавре Ҷаноби Олӣ изҳор доштанд: “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.
Президенти  мо, ки худ аз миёни мардум бархостаанд ва бо мушкилоту ранҷҳои мардум ошноии наздик доранд, беш аз ҳар каси дигар ҳолати мардумро дарк карда ва дар паҳлуи онҳо буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд. Бинобар ин, аз Роҳбари давлат сар карда то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ - содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ буданро вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ донистанд.
Дар Паём Сарвари давлат ба неруи созандаи тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комили хешро иброз намуда, изҳор доштанд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то Ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. 
Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ бо саъю талош ва кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовори хешро мегузорем.
 
Зулфия ДАВЛАТЗОДА,
вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2021    №: 27    Мутолиа карданд: 819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед