сиёсат
ПАЁМИ ДУРНАМОИ РУШДИ КИШВАР
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода, зикр карданд, ки ин сол барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо, яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.
Дар ин давраи мураккаб баробари пайдо шудани нахустин гирифторони ин беморӣ олимони Академияи миллии илмҳо тамоми фаъолияти худро барои пешгирӣ ва мубориза бо ин беморӣ равона намуданд. Аввалан, муроҷиатномаи Академияи миллии илмҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардид ва дар он даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоему дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум, таҳаммулпазирии он бовар доштанд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, якдилонаву содиқона муттаҳид гардем. Вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Академияи миллии илмҳо бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шурӯъ намуд. Илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқраро ба роҳ монд. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад. Айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод шудааст. Олимони кишвар тӯли солҳои охир оид ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахш як силсила корҳоро анҷом дода, «Атласи гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро таҳия ва нашр намудаанд, ки дар он оид ба хосиятҳои фармакологӣ ва имкониятҳои дар саноати дорусозӣ истифода кардани 200 намуди гиёҳ маълумот гирд оварда шудааст. Дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии рустании «Камоли тоҷикон» собит намуданд, ки шира ва решаи ин рустаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардондани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимон дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро тайёр намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро иваз намояд. Доир ба таъсиси Маркази илмии вирусологӣ ва бактериологӣ, инчунин, омода намудани мутахассисон дар ин самтҳо, дар хориҷи кишвар корҳо шурӯъ гардидаанд. Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.
Тавре Сарвари давлат дар Паёми худ ишора карданд, яке аз масъалаҳои асосӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти устувори кишвар афзун гардондани ҳиссаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Олимони ҷумҳурӣ низ бояд барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда чораҷӯӣ намоянд. Масалан, олимони соҳаи химияи Академияи миллии илмҳо метавонанд технологияи истеҳсоли нуриҳои маъданӣ – суперфосфатро ба роҳ монанд, зеро дар Тоҷикистони мо конҳои фосфорит хеле зиёданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ба Саридораи геология супориш дода шуд, ки корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад. Дар ин самт олимони соҳаи геологияи академия низ мусоидат карда метавонанд. Масалан, соли 2020 аз тарафи олимони соҳаи геология ду минерали нав – Шахдараит ва Ҳасановит кашф шуд. Минерали Шахдараит аз минтақаи ҷанубу ғарби Помир, ноҳияи Роштқалъа ва минерали Ҳасановит аз маҳали Кӯҳи Малики ноҳияи Айнӣ кашф карда шуд.
Бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ Ҳукумати кишвар азм дорад бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Бо вуҷуди ин, дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи он аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад. Дар ин самт олимони Академияи миллии илмҳо омодаанд манбаъҳои алтернативии энергия (энергияи офтобӣ, бод, гармчашмаҳо ва монанди инҳо) - ро барои истеҳсоли неруи барқ таҳқиқ ва татбиқ намоянд. Дар ин самт олимони соҳаи физика мусоидат карда метавонанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумат заминаҳои озмоишгоҳию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо таҳким гардиданд. Аз ҷумла, бо назардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии расадхона ҷиҳати гузарондани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ, бо иштироки Пешвои миллат Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизика, воқеъ дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғара, аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба фаъолият оғоз намудани расадхона имкон медиҳад, ки илми астрофизикаи ватанӣ рушд карда, шуҳрати мактаби ситорашиносии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар гардад. Олимони Академияи миллии илмҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, изҳори итминон менамоянд, ки бо осору таҳқиқоти илмӣ ва мавқеи ватандӯстонаи худ аз илми ватанӣ дифоъ мекунанд ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар меварзанд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.02.2021 №: 29 Мутолиа карданд: 777