logo

фарҳанг

МИРЗОУМАРИ ОБЁР

 

«Ба зодгоҳам об биёрам, савоби мардуми ташнаро гирам, баъд истироҳат мекунам, бо пирмардони диёр як дами беғам мезанам. Тасаввур намо, шилдироси об, мавҷи майсазорон, катеро зери сояи маҷнунбед мониву бо ҳамватанон сари як пиёла чой суҳбати гарм ороӣ». Чунин буд орзуву ормони Мирзоумар Меликов, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон.
Ӯ ботинан инсони савобҷӯву хоксор ва ранҷкаш буд. Ҳамеша пайи хайри мардум мегашт. Аз хурдӣ ба фарзандон талқин менамуд, ки камтарин имкон даст диҳад, ба халқ некӣ кунед. Ҳамин наҷобату некии падар буд, ки писари бузурги хонавода Олимҷон дари идораи моро кӯфт ва хост баҳри инъикоси корҳои хайру наҷобати қиблагоҳаш мақолае бинависем. 
Мирзоумар Меликов дар замони шӯравӣ дар кору касбҳои гуногун фаъолият бурда, пас аз соҳибистиқлолӣ ба кашидани хати об камари ҳиммат баст. Азбаски дар деҳа масъалаи оби ошомиданӣ муаммои асосӣ ба шумор мерафт, падар дар якҷоягӣ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар талош карданд, то ба деҳа об ояд.
Ҳамин тавр, мавсуф бо ҷалби мардуми соҳибдил дили кӯҳи Чилтанро канда, чашмаҳои Сунбул, Хуч ва Токро ба ҳам оварданду ҷӯйборе сохтанд. Оби он ҷӯйборро тавассути лӯлаҳо ба деҳаи Даҳана оварда, барои пиру барно иди ҳақиқии об ташкил намуданд.
Барои ин кори хуб 7300 метр лӯлаҳои оҳанӣ сарф шуд. Инак, он об ҷорӣ асту дуоҳои сабзи пиру ҷавон ба рӯҳи он марди обёр хонда мешаванд.
Ба гуфтаи пайвандон, ин марди наку на танҳо барои шодоб кардани марзи зодгоҳаш ранҷ бурдааст, балки ҳамчун пири кордону рӯзгордида баҳри устувории хонаводаҳо, пош нахӯрдани онҳо ва оромии ҷамъият низ талош варзидааст. Ҳатто дар солҳои 90 – уми асри гузашта заҳри ҷонгудози  ҷанги  шаҳрвандиро чашида бошад ҳам, бесабабу бегуноҳ тир хӯрда бошад ҳам, аз ободии Ватан, аз умед ба фардои равшан дил наканд. Аммо ин ҳама бетаъсир намонду ба бемории дил гирифтор шуд.
Мирзоумари обёр баъди фатҳи кӯҳи Чилтан боз беқарорӣ мекашид. Бо дили бемор ба баландиҳо мебаромад, каланд бар даст, остин бар ободӣ барзада, дигаронро ҳам ба кори хайр шарик кардан мехост. Дар гирифтани  савоби бузург қонеъ нашуда, ба деҳаи Чимбулоқ низ хати об кашид. Ба дарозии 4500 метр лӯлаҳои пластикӣ хобонда, содиқ ба масали обу ободӣ ободиву шукуфоӣ овард.
-  Об барояд, Худо хоҳад, хотирам ҷамъ мешавад, - гуфт, аммо мо намедонистем, ки ҳамон сол охирин рӯзҳои умрашро мебинад. Ба ҳар ҳол, огоҳ будем, ки дилаш бемор аст, вале ба ин зудӣ аз тапиш мондани қалбашро намедонистем. Гӯё омадани ҳамин обро интизор буд, гӯё рисолати иҷронашудаашро иҷро кардан мехост ва, ҳамин тавр, ҷон ба ҷонофарин супурд, -  изҳор медорад Олимҷон.
Қиссаро кас мешунаваду ин байт ба ёдаш мерасад:
Ту некӣ мекуну бар об андоз,
Ки Эзад дар биёбонат диҳад боз.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 499
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед