ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Марде, ки қасд ба ҷони аҳли оилааш кард, 18 сол паси панҷара рафт
Ҷалолиддин Исломов, сокини ноҳияи Хуросон, барои ҳамроҳ кардани доруи азалептин ва як миқдор маводи химиявӣ ба ғизои аҳли хонаводааш, ки бо фоҷиа анҷом ёфт, 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳукми ӯро суди вилояти Хатлон эълон кард, ки 21 сентябри соли 2020 аз рӯи хусумати шахсӣ ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани аҳли оилааш даст ба чунин амали ҷинояткорона задааст. Дар пайи истеъмоли ғизои заҳролудшуда як узви оила ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ шуданд.
Дар робита ба ин, прокуратураи ноҳияи Хуросон алайҳи Ҷ. Исломов бо моддаҳои 104, қисми 1 (одамкушӣ), 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 бандҳои «а, в, ж» (…куштани одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.
Бар пояи ҳукми суд маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
ҚАЛЛОБӢ
Абдумаҷид Собировро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид
Як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ки барои мусоидат кардан дар таъмини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А» аз ӯ маблағ талаб кардааст, худ ба курсии айбдорӣ нишаст.
Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, Абдумаҷид Собиров, корманди ин ниҳод, «бо истифода аз мақоми хизматӣ барои мусоидат кардан дар таъмини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А», ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз ӯ 10000 сомонӣ гирифта, боз 8000 сомонии дигар талаб намудааст. Дар ҳамин ҳол, замони гирифтани маблағи боқимонда дастгир шуд».
Нисбат ба ӯ бо моддаи 247, қисми 3 банди «а» (қаллобие, ки ба миқдори калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.02.2021 №: 29 Мутолиа карданд: 1966