logo

иқтисод

САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ...

Ҷашни Сада чун Наврӯзу Меҳргон рамзу ҳикмати хосеро доро мебошад. Он ба маънои гармию рӯшноӣ истиқбол шуда, сарҷамъии мардум дар ин рӯзи муборак боиси хурсандӣ, ибрози андешаю ниятҳои нек ва ҳам омодагии ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ мегардад. Зеро ин иди куҳани аҷдодӣ ба рӯзе рост меояд, ки кишоварзону барзгарон аз пайи дарёфти навъҳои нави тухмӣ, нуриҳои минералӣ, доруҳои зиддизараррасонҳо ва маслиҳати мутахассисони соҳа ҳастанд. Ба шарофати баргузоршавии Ҷашни Сада дар тамоми ҷумҳурӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмию таҷҳизот, техника, нурию дорувориҳо, доир шуда, кишоварзон ва мутахассисону олимони зиёд ба ҳам меоянд. 
 
ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАШНИ КУҲАН ШАҲОМАТИ ТОЗА БАХШИД 
Сада яке аз се ҷашни бузурги куҳантарини мардуми эронитабор, бавижа аҷдоди тоҷик,  ба шумор рафта, ба  даҳуми баҳманмоҳ (ҳафтаи аввали моҳи феврал) рост меояд. Мутаассифона, дар зарфи садсолаҳои охир ҷашни куҳан бо сабаби фишору маҳдудиятҳо гармиву рӯшании худро то андозае аз даст дода буд. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни  ниёгон яке аз идҳои расмии миллӣ шинохта шуда, ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу манзалати хос истиқбол мегардад. Барои таҷлили он,  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи рӯзҳои ид»  тағйиру иловаҳо ворид гардида, 30 январ ҳамчун рӯзи Ҷашни Сада муайян шудааст.
Иди Сада ҳамчун муждаи омадани баҳор, Наврӯзи оламафрӯз ва рамзи ғолибияти гармӣ бар сардӣ дониста мешавад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба 30 январ ҷашн гирифта мешавад. Вале дар хусуси сабабҳои пайдоиши иди номбурда андешаҳо якранг нестанд.  
 
САДА ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУД? 
ЧАНД АНДЕША 
Ҳамон гунае, ки Ҷашни Наврӯз дар осори адибони арабу аҷам инъикос ёфтааст, Ҷашни Сада низ дар китобҳои  файласуфону шоирони гузаштаи мо, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, Байҳақӣ ва Фирдавсию Хоқонӣ, Манучеҳрию Анварӣ, Умари Хайём ва дигарон, зикри хос гардидааст.  Ҳаким Фирдавсӣ Ҷашни Садаро ба замони подшоҳии Ҳушанг нисбат медиҳад ва Абурайҳони Берунӣ бошад, ба замони Фаридун. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои дигар расмӣ шудани Ҷашни Сада ба замони Ардашери Бобакон рост меояд, аммо дар ҳеҷ яке аз сарчашмаҳои таърихӣ ба чӣ гунагии шеваи ҷашн ба таври куллӣ ишора нашудааст. 
Дар  асари машҳури Умари Хайём  «Нав-рӯзнома» омадааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз оини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Аммо Абурайҳони Берунӣ гуфтааст:  «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардонданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
Адабиётшиноси тоҷик Равшан Раҳмонӣ ба ин назар аст, ки таърихи нишонаҳои пайдоиши Ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, ки  хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ рост меояд. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги шифоӣ, устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани Ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Таърихнигор ва шарқшиноси англис Петер Кристенсен бошад, ин ҷашнро ба шоҳони гуногун нисбат додаст: «Ин идро гоҳе ба Ҳушанг, аввалин подшоҳи силсилаи достони пешдодӣ ва гоҳе ба Бевараспи золим ё Заҳҳок нисбат додаанд, ки инсони аждаҳодӯш буд ва ба дасти Шоҳ Фаридун асир шуд».
Гурӯҳи дигар пайдоиши ин  ҷашнро ба Афросиёб нисбат дода, гуфтаанд, ки дар замони подшоҳии Афросиёб, бо ҳамлаи ӯ ба сарзамини Бобул Диқ ибни Таҳмосб, ки омили харобӣ ва табоҳии Бобул буд, аз ин сарзамин берун ронда шуд ва ин масъала боиси ҷашну шодии эрониён ва пайдоиши Ҷашни Сада ва ба ҳамин сабаб мардум онро ба унвони иди савум ба дунболи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор додаанд.
Калимаи «Сада» дар китоби «Авасто» ба маънои тулӯъ ва ҳам ғуруб омадааст ва ба гумони зиёд, Ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».
Ба таъбири дигар, номи Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то Иди Наврӯз, яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми Ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро рӯзи панҷуми моҳи обон ( яъне 27 октябр) ва охири зимистони бузургро  рӯзи даҳуми моҳи баҳман (30 январ)  ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд».
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Н. А. Кисляков ва И. С. Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи Ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз Ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди Соли нав таҷлил мегардид.
 
САДАРО ПОДШОҲОНИ ОҚИЛ ГИРОМӢ ДОШТАНД
Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, Иди Сада таърихи аз 3 то 5 - ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи "Сада" аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки Иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур,  гулханафрӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст!
Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён Ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ҳамчун ҳадия медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи Ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи Ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд Ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шудааст, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин Ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст.
Акнун ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Сада аз нав эҳё шуда, ҳамасола дар ҳама гӯшаю канори мамлкат  бо иштироки пиру барно бо ҳама шаҳомате, ки дорад, таҷлил мегардад. 
Он ба ҷашни ҳамагонӣ ва сарҷамъии кишоварзону барзгарони ҷумҳурӣ мубаддал шуда, сабаби омодагии дастаҷамъонаю ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ мегардад. 
 
Хуршед ДАВЛАТОВ, 
директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи  АИКТ, 
номзади илмҳои кишоварзӣ, 
Одилҷон ТОҲИРОВ, 
ходими калони илмии институт, 
Фирӯз ШЕРАЛИЕВ, 
котиби илмии институт, 
номзади илмҳои биологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 714
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед