иҷтимоиёт
ПРЕЗИДЕНТ ҶАШНИ САДАРО ЭҲЁ КАРД
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои миллии мо аст, ки дар моҳи январи тақвими мелодӣ 50 рӯз пеш аз Иди Наврӯз баргузор мегардад. Ин ҷашн хеле қадимӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун гавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Ин ҷашн - ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Ҳамаи мардумони шаҳр, ноҳияҳо, маҳаллаҳо ва рустоҳо дар якҷоягӣ оташи бузург меафрӯхтанд. Дар Ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Баъди Ҷашни Сада мардум ба ин бовар буд, ки лаҳзаҳои сармо мегузаранду нармию гармӣ вориди рӯзгорашон мегардад.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо тамоми расму оини худ эҳё гардид. Акнун ҳамасола он дар рӯзу моҳи муайян бо шукӯҳи хосса таҷлил мешавад. Бешак, он дар боло бурдани ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.
Боиси хушнудии мо гардид, ки 30 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат Паёми шодбошӣ ироа намуданд. Дар ин Паём ба ифтихори Ҷашни Сада хурду бузурги Тоҷикистонро табрик карданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ин ҷашн яке аз оинҳои бисёр деринаи халқи бостонии мост.
Қобили таъкиди махсус мебошад, ки мо бояд ба дастуру раҳнамоии Сарвари давлат дар ин айём хайру саховат намоем, ба аёдати беморону наздикон биравем ва либоси идона бипӯшем. Ба ҷуз ин, барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ бигирем.
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 50 ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2021 №: 30 Мутолиа карданд: 441