фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Хушбахти Ҳайдаршо баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро ҳамчун мудири шуъба ва баъдан ба сифати котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) идома дод.
Номбурда он замон ҳамчун ходими «Тоҷикистони советӣ» бо кори нависандагӣ низ шуғл меварзид. Аз ҷумла, повести ҳуҷҷатии ӯ «Сиёҳ ва сафед», силсилаи «Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон» (Душанбе, “Ирфон”, 1990), ки дар он сухан аз тақдири яке аз аввалин журналистони ҷумҳурӣ - муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Насрулло Абдуллоев меравад, аз истеъдоди нависандагии ӯ хабар медод. Муаллиф вазъи сиёсии он давра, муборизаи беамони риёкорони динию дигар душманони сохти шӯравиро ба муқобили равшанфикрони солҳои 30-юм дар мисоли Нусратулло Абдуллоев возеҳ ва воқеъбинона тасвир карда буд.
Андеша дошт, ки он солҳои наҳс бебозгашт гузаштанду акнун ҷавононро ба воситаи ин сабақҳои таърихӣ ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад. Ӯ эҳсос мекард, ки замона маҳз фош кардани мақсади он разилони маҳалпарасту курситалаб, он нимчамуллоҳои қаллобе, ки воқеияти шӯравӣ доираи нуфузашонро танг карда буд, он душманоне, ки аз тақсиму пароканда гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанду бо дастгирии ҳаммаслакони хориҷии худ умед мебастанд, талаб мекунад. Аммо озодихоҳии суханҳои оташину муассири Хушбахт айши баъзеҳоро талх мекард. Касе, ки сухан аз ҳақиқат мекушод, аз зиёни риёву хурофот мегуфт, ба саркарда ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ писанд набуд. Онҳо рӯирост фарҳанги миллати моро зери по намуда, фарҳанги бегонагонро дар ниқоби ислом ворид менамуданд, мардуми гумроҳро ба мубориза зидди давлат даъват мекарданд.
Ҳамаи инро рӯзноманигор ҳис мекард ва ӯ натарсидаву наҳаросида асрори ин гурӯҳро фош менамуд ва худогоҳу хештаншинос будани ҷавононро мехост. Дар ин давраи ниҳоят ҳассос мақолаҳои ӯ ба муқобили ба ном мухолифин, ки ангезаҳои сиёсиро дар Тоҷикистон падид меоваранд, дар матбуоти даврӣ рӯи чоп омаданд. Баҳси Хушбахт бо онҳо дар хусуси манфиатҳои миллӣ ва динӣ байни ҷавонон таассуроти нек гузошт.
Маҳз аз ҳамин сабаб, онҳо дар расонаҳои зархаридашон ӯро «рӯзноманигори дарборӣ, душмани демократия, рӯзноманигори бадтарини сол» эълон доштанд. Соли 1990 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ӯро бо унвони «Рӯзноманигори беҳтарини сол» сазовор донист. Ӯ дар рӯзноманигорӣ равиши нав эҷод кард, ки он писанди хосу ом шуд ва чун журналисти мубориз шуҳратёр гардид.
Хушбахт соли 1993 ба дидорбинии модари ранҷураш ба Ванҷ омад. Ҳангоми дар ноҳияи Ванҷ қарор доштанаш, авзои сиёсии ноҳияро санҷида, барқасди он сияҳкорон, ки Ванҷро ҳамчун маскани муҷоҳидон ном мебурданд, мақолаи калонҳаҷмеро бо унвони «Субҳи Ванҷ сокит аст» ба табъ расонд. Дар мақола Хушбахт пуштибонии мардуми Ванҷро аз сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон инъикос кард.
Саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ баҳри нобуд кардани Хушбахт чораҳо меҷустанд. Борҳо гирифтори фишор ва латукӯб гардид, вале аз роҳи мубориза даст накашид, зеро ҷон доданро дар роҳи ҳақиқат аз хомӯшии разолатпарвар беҳтар медонист. Оқибат 19 майи соли 1994 дили бузургу ҳақиқатталоши Хушбахти Ҳайдаршоро панҷ тири қотилони миллат аз задан бозмононд. Яке аз дӯстони наздики марҳум, корманди Маркази иттилотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Ҳотамӣ, бо шунидани ин хабар ба коргоҳаш рафт. Утоқи кории Хушбахт чапаву роста буд. Дар он ҷо қотилон чизеро ҷустуҷӯ намуда, тамоми дастхатҳо ва навиштаҳоро бо худ бурда буданд. Ҷумъахон Ҳотамӣ, ин родмарди Ватан ҳам 5 июни соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Аз ин ёднома ҳадаф ин аст, ки насли ҷавон бояд дарк кунад, ки фазои орому осудаи кишвар ба ивази ҷони чунин ҷавонмардони ҳақталош ба даст омадааст.
Пайшанбе ШОҲЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи “Ватан”-и ноҳияи Ванҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2021 №: 30 Мутолиа карданд: 450