ҳуқуқ
САРГАРДОНӢ. АЗ БЕКОРШАВИИ ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯ ТО ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ
Дар Суди Олӣ мақолаи шаҳрванд Хуршед Нозимов таҳти унвони «Саргардонӣ. Аз бекоршавии қарори раиси ноҳия то ҳалномаи баҳсбарангез», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 24 декабри соли 2020, № 246 (24 101) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод аз 13 апрели соли 2020 аризаи даъвогии И. Ш. Шарипов, Н. С. Юнусов ва дигарон бо ҷавобгарии Х. Т. Нозимов, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва кумитаи идораи замини ҳамин ноҳия дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Файзобод ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин қонеъ, қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, № 570 дар бораи ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 127 бекор гардидааст.
Дар мақола Х. Нозимов аз ҳалномаи суд норозигӣ баён карда, дарҷ намудааст, ки даъвогарон барои истифодаи қитъаи замин ягон ҳуҷҷат надоранд, вале даъвои онҳоро суд қонеъ кардааст.
Аз маводи парвандаи гражданӣ бармеояд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, № 570 ба Х. Нозимов барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» қитъаи замин ҷудо гардида, дар асоси ин қарор сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 1217 дода шудааст.
Сокинони деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод бошанд, қаблан дар асоси амри раиси ноҳияи Файзобод аз 15 майи соли 2009, №30 қитъаи замини ба хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» ҷудошударо ҳамчун чарогоҳ истифода мебурданд, аммо аз соли 2018 инҷониб Х. Нозимов ба аҳолии ин деҳа монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дар боло зикргардида ба суд муроҷиат намудаанд.
Дар мурофиаи судӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва кумитаи идораи замини ҳамин ноҳия баёнот додаанд, ки ҳангоми ба имзо расондани қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, №570 ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 1217 барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» амри раиси ноҳияи Файзобод аз 15 майи соли 2009, № 30 оид ба ҷудо кардану вобаста намудани қитъаҳои заминҳои чарогоҳҳои тобеи ҷамоатҳои деҳот мадди назар шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 13 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, беэътибор эътироф намояд.
Аз ин лиҳоз, суди марҳилаи якум даъвои сокинони ноҳияи Файзобод И. Шарипов ва дигаронро қонеъ намуда, ҳалномаи қонунӣ баровардааст.
Парвандаи мазкур аз рӯи шикояти кассатсионии Хуршед Нозимов мавриди баррасии пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 10 июни соли 2020 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.
Ҳангоми омӯзиши маводи парванда аз рӯи муроҷиати Х. Т. Нозимов низ барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардани ҳалномаи мазкур асос дарёфт нагардид.
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2021 №: 30 Мутолиа карданд: 2121