фарҳанг
ҲАМКОРИРО ИДОМА ХОҲЕМ ДОД
Вокуниш ба мақолаи Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман» - ислоҳи
баъзе камбудиҳо ба манфиати кор хоҳад буд».
(«Ҷумҳурият, 08. 01. 2021, № 5 (24112).
Вазорат нисбати инъикоси ҳамешагии масъалаҳои ҳалталаби соҳаи фарҳанг дар саҳифаҳои васоити ахбори омма, махсусан нашрияи «Ҷумҳурият», бо интишори андешаҳои мутахассисон изҳори хушнудӣ менамояд. Мусаллам аст, ки маҳз ифшои проблемаҳои ҷойдошта бозгӯи ислоҳи саривақтии онҳо ва дарёфти бетаъхири сарчашмаҳои ин масоил имкони расидан ба натиҷаҳои дилхоҳро фароҳам меоварад.
Муаллифи мақола, ки худ мутахассиси ҳирфаӣ мебошад, бо дарки масъулият ва дилсӯзӣ бобати ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» масъалагузорӣ намудааст. Воқеан, озмуни мазкур дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон падидаи тоза ба ҳисоб рафта, ба чунин шакл баргузор гардидани чорабинӣ камназир мебошад. Албатта, ин озмун, ки фарогири тамоми жанрҳои санъат мебошад ва бори дувум баргузор гардид, аз камбудиву нуқсонҳо орӣ набуд. Бо ин мақсад, тайи ду соли охир бо назардошти бардошти таҷрибаҳо тарз, шакл ва ҳуҷҷатгузории озмун такмил ёфт.
Пас аз ҷамъбасти озмун дар соли 2020 бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи санъат лоиҳаи нави такмилёфтаи Низомнома ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ ирсол гардид, ки дар он бештари андешаҳои муаллиф ҷой доранд.
Дар мавриди андешаҳои муаллиф: «Дар озмун шахсони шинохтаи фарҳангу санъат бояд иштирок нанамоянд. Аммо акси ин ифода ба мушоҳида мерасад, яъне суруд оҳанги академӣ ба шакли нотавӣ пешниҳод карда мешавад. Ин суруду оҳангҳоро киҳо эҷод мекунанд ва ба нота медароранд?» гуфтанием, ки талабот танҳо ба номинатсияи композиторӣ дахл дорад, ки дар он худфаъолон ширкат наменамоянд.
Нисбати синну соли иштирокчиён ва мувофиқ ба он интихоб намудани сурудҳо бояд зикр намуд, ки дар лоиҳаи Низомнома ин ҷониби масъала бо такмили нав пешниҳод гардидааст. Пас аз тасдиқи он дастурамал барои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия мегардад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои ин масъала ба таври возеҳ ва муфассал дарҷ мегарданд. Бояд қайд намуд, ки даври дуюм ва сеюми озмунро ҳайати ҳакамон, ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва намояндагони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон тасдиқ мегардад, доварӣ мекунанд. Чунин тарзи кор барои интихоби суруду оҳангҳо ва мавзӯъю муҳтавои онҳо вобаста ба синну соли иштирокчиён аз тарафи ҳайати ҳакамон баррасӣ гардида, талаботи Низомнома пурра риоя мешаванд.
Муаллиф нисбати гузаронидани муколамаи байни довталаб ва ҳайати ҳакамон бобати муайян намудани дараҷаи дониши назариявӣ, ҷаҳонбинӣ ва бархӯрдорӣ аз вазъи мусиқии ҷаҳон ишора намудааст. Ба таваҷҷуҳи муаллиф мерасонем, ки чунин суҳбату муколамаҳо дар ҷараёни баргузории озмун пайваста сурат мегиранд. Сарфи назар аз ин, дар озмунҳои минбаъда баҳри ҳарчи васеътар инъикос намудани ин ҷанбаи масъала кӯшиш хоҳем намуд.
Бобати пешниҳоди муаллиф оид ба баррасии асарҳои композиторон дар шӯрои бадеӣ бояд зикр намуд, ки тибқи Низомномаи нави озмун асарҳои ба даври ниҳоӣ интихобшуда аз ташхиси комиссияи махсуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон гузашта, бо пешниҳоди тақриз ба озмун роҳ меёбанд.
Вазорати фарҳанг аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмади Маҷид, ки ҳамеша бо истифода аз донишу таҷрибаи андӯхтаи худ масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва раҳоӣ аз онҳоро дар саҳифаҳои васоити ахбори умум мавриди таҳлил қарор медиҳад, сипосгузор аст. Мо минбаъд дар ин самт ҳамкориҳои худро идома хоҳем дод.
З. ДАВЛАТЗОДА,
вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2021 №: 31 Мутолиа карданд: 584