logo

сиёсат

ПАЁМ. МАВҚЕИ ФАЪОЛЗАНОН БОЗ ҲАМ УСТУВОР МЕШАВАД

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунанд.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Аз таҳлилу баррасии муфассали Пешвои миллат бармеояд, ки дар интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 бону ё 25,8 дарсад ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 дарсад интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб чор дарсад зиёд мебошад.
Ҷудо намудани гранти президентӣ ба занони соҳибкор низ яке аз иқдомҳои судманди Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фаъолияти соҳибкории занонро боз ҳам беҳтару хубтар гардондааст. Ин аст, ки тайи чанд соли охир шумораи зиёди занону духтарон, хусусан занони хонашин, соҳиби касб ва ҷойи кор шуданд.
Президенти мамлакат ба ин самти пурсамари кор таваҷҷуҳ карда, гуфтанд: «Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шуд.
Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд».
Аз ин пешниҳоди дурандешона бонувони мо бояд самаранок истифода баранд. Қарзҳои имтиёзнокро барои пешрафти рӯзгори худ, таъмини маишати аҳли хонавода ва, дар маҷмӯъ, барои рушди ҷомеа истифода намоянд.
Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат масъалаи бо кор ва таҳсил фаро гирифтани занонро ҳамеша таъкид намуда, дар Паёми навбатиашон низ ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардидани онҳоро падидаи фараҳбахшу хушоянд арзёбӣ намуданд.
Дар ҳақиқат, зан нигаҳдори хонавода, расму оин, касбу ҳунарҳои қадима ва забони ноби тоҷикист. Дилсӯзиву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат аз ҳамин назар сарчашма мегиранд ва моро ба ояндаи нек дилгарм мекунанд.
 
Дилрабо ФАЙЗУЛЛОЕВА, 
мудири бахши табъу нашри коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 645
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед