сиёсат
ПАЁМ. АЗ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ишора гардид, ки дар шароити зудтағйирёбанда, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя бояд намуд ва барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош бояд кард.
арвари давлат ба масъалаи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ аҳамияти дигарбора ва ғамхории ҷиддӣ зоҳир намуда, барҳақ, ба масъулон дастур доданд, ки маҳз ривоҷи минбаъдаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ба фаровонии дастархони мардуми шарифи мамлакат мусоидат месозанд. Кам гардидани воридоти гӯшти паранда ба кишвар ва рушди бемайлон намудани соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон маҳсули ҳидоятҳои дурандешонаю самарабахши Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, ин ҷода бояд беш аз пеш тараққӣ кунад. Дар тӯли солҳои охир чунин дастовардҳои назарраси истеҳсоли дохилӣ мардумро ба ояндаи пурфайзу неки мамлакатамон дилгарм сохта, танқисии норасоии маводи ғизоӣ торафт камтар эҳсос мегардад. Хусусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат зоҳир гардидани ғамхории беназир, яъне аз супурдани андози ягона дар соли 2021 озод намудани кишоварзони мамлакат дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ қаноатмандию миннатдории бемислеро ба амал овард. Дар Паёми имсола ба масоили ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон низ аҳамияти хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо тадбиру дастурҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш доданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми чораю тадбирҳои даркориро амалӣ созанд.
Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ҷавононро имрӯзу ояндаи кишвар ва идомадиҳандаи меҳнату заҳмат ва анъанаҳои падарон номида, бори дигар онҳоро ба ҳушёрию зиракӣ водор сохтанд ва ишора карданд, ки аз равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ барканор бошанд. Ҷавонон бояд баҳри оромию ободӣ ва сарсабзии ҳамешагии кишвари азизамон саҳмгузор шаванд.
Президенти ғамхори мо дар Паёми имсолаи хеш низ нисбат ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи онҳоро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далели қатъӣ нишон доданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нукоти Паёми порсолаи хеш ёдовар гардида, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди солҳои 2020 - 2040 - Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф ба ниҳодҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд кардани стипендияи онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф башорат медиҳад.
Нурулло ШАМСОВ,
мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2021 №: 31 Мутолиа карданд: 649