logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН. ПАЖӮҲИШИ ДОМАНАДОРИ МАСЪАЛАИ БУЗУРГ

Муаррих ва мусташриқ Муҳаммадӣ Сафолзода бори нахуст пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои худро дар се китоб бо номи «Инициативы Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона по урегулированию проблемы Афганистана» («Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли мушкилоти Афғонистон») аз чоп баровард.
з номаш пайдост, ки рисола ба забони русӣ иншо шудааст. Китоби якум, масъалаҳои марбутаро дар солҳои 1992 – 2002 (223 саҳифа), дувум, солҳои 2002 – 2007 (175 саҳифа) ва китоби сеюм, солҳои 2007 – 2014 (255 саҳифа) - ро фаро мегирад. 
Муаллиф  китобҳоро бар пояи сарчашмаҳои таърихиву омори расмӣ ва сафарҳои Сарвари давлати тоҷикон ба Афғонистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли муаммоҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷанг, терроризму экстремизм дар ин кишвари ба мо дӯсту бародар, иншо кардааст.
Дар оғози китоби аввал гуфта мешавад, ки ин рисола дар афғонистоншиносии ватанӣ кӯшиши аввалин ва дар баробари ин, фарогиру маҷмӯавӣ буда, низоъ ва нооромиҳои Афғонистонро дар иртибот ба вазъи сиёсии Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандии он ва сарнавишти минбаъдаи гурезагони нооромиҳо ба марзи ин давлат баррасӣ мекунад.
Тоҷикистон чун дигар кишварҳои минтақа барои сулҳи пойдору устувор, оромӣ, амнияти сиёсӣ ва субот дар Афғонистон манфиатдор аст ва Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ин нуктаро дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ва минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд.
Мо медонем, ки дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1996 тавассути чархбол ба рустои Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон парвоз кард ва дар мулоқот, ки масъалаи истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар, бозгардондани гурезагон ба Ватан дар назар буд, ширкат варзид.
Дар ҳамон замони ҳассос, ки кафолати амнияти ҳайати Тоҷикистонро касе намедод, сафари Пешвои миллат воқеан ҳам, пайкори таърихӣ буд ва то ҳол вирди забони тоҷикони ду соҳили дарёи Ому ва фаротар аз он, тоҷикони ҷаҳон аст.
Ҳадафи ин сафари пурхатару пурмасъулият ин ба сулҳу созиш хондани тарафҳои даргир, ки Афғонистонро макони мустақаршавӣ қарор дода буданд ва дигар, ба Ватан, ба Тоҷикистони азиз баргардондани ҳазорон гурезагон маҳсуб мешуд.
Аз ҳамон давра Президенти мамлакат барои ҳалли мушкилот дар Афғонистон ва барқарор кардани сулҳ аз ҳама имконоти хеш истифода мебаранд. Пас аз ба сулҳу оромӣ даст ёфтани Тоҷикистон низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро дар ин самт қатъ накарданд ва то ҳол дасти мадади давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвари дӯст мерасад.
Пешвои миллат дар яке аз ҷаласаҳои сатҳи баланд гуфта буданд: «Тоҷикистон доимо барои барқарор кардани иқтисод ва амният дар Афғонистон иқдом мекунад».
Тоҷикистон дар симои Сарвари худ таваҷҷуҳи давлату созмонҳои гуногунро ба вазъияти кунунии минтақа, бавижа Афғонистон, ҷалб мекунад. Аммо, мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти Афғонистон маҳдуд намегардад ва ҳатто шояд густариш ёбанд. Дар ин замина боз ҳам бештар фаъол шудани кишварҳои ҳамсоя, бавижа Тоҷикистон, табиист.
Муаллифи рисолаи бузург - «Инициативы Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона по урегулированию проблемы Афганистана» Муҳаммадӣ Сафолзода номзади илми таърих буда, 33 сол собиқаи педагогиву сиёсӣ дорад.
Дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, доираи пажӯҳишаш масоили амнияти минтақавӣ, таърихи муқоисавии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва дигар кишварҳоро фаро мегирад. 
Дар иншои рисола мавсуф аз адабиёти фаровон, аз ҷумла ҳисоботи оморӣ, сарчашмаҳои интернетӣ ва манобеи сиёсиву сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ, мардумшиносӣ, суханрониву мусоҳибаҳои Пешвои миллат, ба таври васеъ истифода кардааст.
Муҳаммадӣ Сафолзода аз соли 2018 мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 520
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед