иҷтимоиёт
ВМКБ. МАСЪАЛАИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН МУҲОКИМА ШУД
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиҳатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар дастгоҳи раиси вилоят ва идораву муассисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби баъзе роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят риоя намегарданд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба унвони раиси вилоят арзу шикояти зиёд ворид мегардад. Ин нуктаро Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар машварати назди раиси вилоят баён дошт.
Мамадносир Мамадносиров, мудири бахши муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят, зимни гузориш оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ” зикр кард, ки дар соли сипаришуда ба дастгоҳи раиси вилоят 1291 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2019 - ум 595 адад камтар мебошад. Аз ин теъдод 324 муроҷиат ҷавоби мусбат гирифт, 137 муроҷиат қонеъ нагардид ва ба 734 муроҷиаткунанда моҳияти қонун фаҳмонда шуд. Аз 584 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон 56 муроҷиат ҳаллу фасл гардида, 34 ариза дар баррасӣ қарор доранд. Зикр шуд, ки тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз 7 то 15 рӯз муқаррар гардида, муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб мекунанд, баъди пешниҳоди гузориш вобаста ба дароз кардани муҳлати иҷро то 30 рӯз бояд баррасӣ гарданд. Мутаассифона, ин банди қонун аз ҷониби роҳбарони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо иҷро нагардида, дар бисёр маврид боиси норозигии шаҳрвандон мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар идораву муассисаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар дараҷаи паст қарор дорад.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов дар робита ба масъала қайд кард, ки сари вақт ҷавоб нагардондан ба муроҷиати шаҳрвандон эътимоду боварии мардумро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад.
Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки минбаъд ба баррасии мароҷиати шаҳрвандон ҷиддӣ муносибат намоянд ва барои сари вақт посух гардондан ба онҳо бо масъулияти ҷиддӣ кор кунанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2021 №: 32 Мутолиа карданд: 594