logo

иқтисод

ДАНҒАРА. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

- Соли 2020 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳияи Данғара воқеан ҳам, дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста, ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳбудии рӯзгори сокинон мусоидат кард. Мардуми сарбаланду шарафманди ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои шукуфоии кишвар саъю талош варзида, ба комёбиҳои зиёд ноил гардиданд, - гуфт Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият».
 
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ БУҶЕТ
Ба иттилои раиси ноҳия, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 144,1 миллион, 160,6 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд, ки нисбат ба соли гузашта 16,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия, тибқи нақшаи соли сипаришуда 122 миллиону 61 ҳазору 546 сомониро ташкил медиҳад. Қарзи корхонаҳо ва ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо, бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ - 8,3 миллион сомониро ташкил дод, ки 278,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Инчунин, соли гузашта аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ 102,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд.
 
ҶАЛБИ БЕШ АЗ 1 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР САРМОЯИ ХОРИҶӢ
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ, аз тарафи нозироти андоз соли 2020 -ум 1011 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 219 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 1,1 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Дар ноҳия 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи истифодашуда 33,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 -ум 119 лоиҳаро ба маблағи 685,6 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 декабри соли гузашта 60 лоиҳа ба маблағи 478,9 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст. Дар ноҳия ҷалби сармояҳои хориҷӣ то имрӯз 1 миллиарду 155 миллиону 27 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 миллиарду 49 миллиону 146 ҳазор доллар сармояи мустақим мебошад.
 
АФЗОИШИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Пешвои миллат бо дарки амиқи заминаҳои рушди босуръат ва имкониятҳои мавҷуда саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Рушди ҳамаҷонибаи соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши калон дорад. Бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар мамлакат солҳои охир садҳо корхонаҳои саноатии хурду калон, бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ бунёд шудаанд. Тавассути ин иқдом даҳҳо ҳазор сокинони кишвар ба кор таъмин гаштанд.
Бо ин мақсад, дар ноҳияи Данғара, дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳаи саноат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳоло дар ноҳия 38 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Ба пешвози Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ чанде қабл аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ боз 4 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 56 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, ҶДММ «Саиднизомиддин» (истеҳсоли гӯшти мурғ), маркази хизматрасонии «Зулол», корхонаи коркарди мевагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш дар назди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии ҶДММ «Форм-Текс». 
Соли 2020 дар соҳаи саноат ба маблағи 1 миллиарду 672,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2019-ум 32,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, соли сипаришуда ба ноҳия қабули неруи барқ 184,2 миллион кВт соатро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 156,6 миллион кВт соат барқ ба маблағи 38,9 миллион сомонӣ дода шуд. Бо мақсади бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, шабакаҳои барқ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 2 миллиону 113,1 ҳазор сомонӣ корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ гузаронд.
 
СОДИРОТИ 3450 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 ба 1 миллиарду 196 миллиону 267,6 ҳазор сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба соли 2019-ум 72 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 111 ҳазору 499 тонна ғалладона, 10009 тонна пахта, 13062 тонна картошка, 62 ҳазору 498 сабзавот, 46618 полизӣ, 24868 мевагиҳо, 10632 ангур, 15406 гӯшт, 21555 шир, 21 моҳӣ, 3,9 пилла, 68 тонна асал ва 5 миллиону 667 ҳазору 200 дона тухм истеҳсол гардидааст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар 3 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 1,3 гектар мавсимӣ фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 77 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва лимӯ, истеҳсол гардида, ба коҳишёбии нархҳо ва фаровонии бозори дохилӣ мусоидат кард. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 3450 тоннаро ташкил дод. Аз маҳсулоти содиротгардида, 318 тонна мевагиҳо, 942 тонна ангур ва 2190 тонна пиёз аст.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамои истеҳсолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешбурди сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд, - гуфт раиси ноҳия.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2021    №: 32    Мутолиа карданд: 1043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед