logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ТОҶИКИСТОН»
1. Шаҳри энергетикҳо. 2. «… будам оби ширин мехӯрдам». 3. Фасли сол. 4. Ба мақсад мерасонад. 
5. Водӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
6. Исми пешинаи  шаҳри  Турсунзода. 7. Сафед, сиёҳ, сурх. 8. Навъи неъмати моддӣ. 9. Ситудашуда. 10. Анис, мунис, рафиқ. 11. Миллат. 12. Хазинаи илму дониш. 13. Асари Абдураҳмони Ҷомӣ. 14. Яке аз рамзҳои миллӣ. 
15. «…бувад чун ҷони одам». 
16. Навъи лӯбиёгӣ. 17. Асбоби мусиқии торӣ. 18. Баробар ба сад сол. 19. Қаҳрамони романи «Актёр». 20. Воситаи муошират. 21. Иди миллӣ. 22. Муқобили ботин. 
23. Жанри адабӣ.  
 
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД,
 
Ҷавоб ба муаммои «Мардикор», аз 5 феврали соли 2021
Мардикор 16,5 рӯз ба кор баромада, 13,5 рӯзи дигар ба кор набаромадааст.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Болои навиштаҳои як мактуби Суҳроб Шакархӯҷа хеле ба андеша афтод. Он номаи ҷавобӣ буд. Ҷавоб ба мактуби Гулшан.
«… Гулшан, илтимос, ту дигар ин хел гапҳоро нагӯй. Охир, наход ман туро миёни роҳ монам, бе ту ман роҳамро гум мекунам, гум! Маънии ин гуфтаҳои маро ту мефаҳмӣ? Зорӣ мекунам, Гулшан, зорӣ: интизор шав, интизор».
* * *
Бишнос Нишоне, ки нишони ману туст,
Уммеду муроду ормони ману туст.
Рафтанд ниёкону набурданд хасе,
Мероси азизашон ҷаҳони ману туст.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021:
Фазлиддин Муҳаммадиев, Камол Насрулло.
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПЕШРАВӢ
Донишҷӯе, ки ба дарс наомадан барояш одат шуда буд, бори дуюм ба имтиҳони Рентген омад:
- Лексияҳои курси шуморо киҳо хонданд,- пурсид муаллим?
Вақте шогирд чанде аз устодонро бехато номбар кард, Рентген қаноатмандона сар ҷунбонда, гуфт:
- Дидед, писарам, нисбати бори аввал пешравӣ ҳаст: шумо ҳатто ному насаби профессоронеро медонед, ки, умуман, дар дарсҳояшон набудед.   
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АВВАЛИН ДАСТУРАМАЛИ ГЕОГРАФӢ
Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ аз ҷумлаи донишмандоне ба шумор меравад, ки бори  нахуст дар китобаш  «Сурат-ул-арз» Заминро тасвир намудааст. Хоразмӣ дар китоби мазкур ҳатто аз камари Замин, ки аз миёни уқёнуси Атлантик мегузарад, иттилоъ додааст. 
«Сурат-ул-арз» аз асарҳоест, ки  бо ақидаҳои илман асосноккардашуда дар саросари ҷаҳон маъруфият дорад ва   аввалин дастуруламали ҷуғрофӣ шинохта мешавад. Назарияҳои дар китоб баёнгашта дар илми ҷуғрофия то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. 
Агар бобати  кашфиётҳои  дигари  Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ  оид ба  риёзиёт ва нуҷум иттилоъ пайдо кардан хоҳед, дар шумораҳои дигар моро пайгирӣ намоед.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ЧАРЛИ ЧАПЛИН ДАР КӮЧАҲОИ ПЕШОВАР 
Фурӯшандаи покистонии бозичаҳо Усмон Хон ҳангоми пандемияи коронавирус  тасмим гирифт, ки одамонро шод намояд. Ӯ монанд ба либосҳои ҳаҷвнигори маъруф Чарли Чап-линро пӯшида, моҳирона гаштугузор менамояд. 
Ба шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ, Усмон Хон басо маъруф гардид. Ба аккаунти ӯ бештар аз 800 ҳазор нафар аъзо шуд.
Чарлии покистонӣ барои ҳунарнамоиҳояш пул намегирад, ӯ инро як навъ эҳсонкорӣ меҳисобад. Ҳарчанд мехоҳад, ки бо ин роҳ дар кино ва ё телевизион роҳ ёбад, сарватманд гардаду ба сокинони камбизоати Пешовар ёрӣ расонад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ПАНДИ ПАДАР
Бонуе бо номи Наталя Сатс айёми кӯдакиашро ба ёд оварда мегӯяд:
- Боре, ҳангоми бозӣ, яке аз дӯстонам, ки писарбача буд, маро зад.  Дарҳол ранҷида, ба падарам аз ин аъмоли ӯ шикоят бурдам. Вале ғайричашмдошт, падар маро ба назди дӯстам бурда, ба ӯ  пул дода гуфт: «Ҳар боре, ки духтарамро занӣ, боз пул хоҳӣ гирифт».
Баъдан, дар хона насиҳатам дод: «Ҳаргиз ба шикоят кардан одат макун. Зиндагӣ мушкилоти зиёде дорад. Бикӯш то бе ёрии касе  онҳоро рафъ намоӣ. Танҳо ҳамон вақт комёб хоҳӣ шуд».
Аз русӣ тарҷумаи Хуршед ТОЛИБОВ
 
 
«САН-СИРО»
ТАЪРИХИ ЯК ҚУВВАОЗМОӢ ДАР ИН ВАРЗИШГОҲ
Дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо (соли 2003) тимҳои «Интер» ва «Милан» бо ҳам вомехӯрданд. Азбаски майдони хонагии ҳар ду даста «Сан-Сиро» буд, қуръакашӣ муайян намуд, ки дар бозии аввал «Милан» ва дар дуюм «Интер» мизбон аст. 
Аҷибии кор ин аст, ки вохӯриҳо мусовӣ – 0:0 ва 1:1 хотима ёфтанд. Аммо «Милан» ба финал баромад, зеро тибқи қоида, дар сурати баробар будани ҳисоб дар ду бозӣ, дастае ғолиб дониста мешавад, ки дар майдони бегона бештар гол задааст.
 
 
ФЕДЕРЕР ВА НАДАЛ
ҚУВВАОЗМОИИ ДУ СИТОРАИ ТЕННИС ДАР КОРТИ ҒАЙРИОДӢ
 
2 майи соли 2007 дар финали мусобиқаи «Мастерс» (Монте - Карло) миёни теннисбозон Роҷер Федерер ва Рафаэл Надал бозии ғайриодӣ баргузор шуд. Онҳо дар корте неру санҷиданд, ки нисфаш алафӣ ва нисфи дигараш грунтӣ буд. 
Дар ҳамон айём Федерер панҷ соли ахир дар корти алафӣ ва Надал се соли ахир дар корти грунтӣ ноком нашуда буданд. Дар натиҷа, Надал бо ҳисоби 2:0 (6:4, 6:4) ғолиб омад.
Таҳияи М. МИРЗОЁН
 
 
РЕКОРДСМЕНИ ЭҲСОНКОР
Фрэнк Ротвелли британӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ куҳансолтарин сайёҳе мебошад, ки ба танҳоӣ уқёнуси Атлантикаро убур намуд. Нафақахӯри 70-сола роҳро аз Тенерифе то ҷазираи на чандон калони давлати Антигуа ва Барбуда дар 56 рӯз тай мекунад. Дар маҷмӯъ, дарёгарди пир наздики 5000 километрро пушти сар менамояд. Ротвелл сайёҳи ботаҷриба буда, бо заврақи дорои панели офтобӣ  чандин бор қитъаҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубиро шино карда, чор сол қабл барояш фатҳи қуллаи баландтарини Африқо Килиманҷаро муяссар мегардад. Дар сафари охиринаш ӯ қариб 900 ҳазор доллар ба даст овард. Ӯ тасмим гирифт, ки ин маблағро ба олимоне бубахшад, ки дарёфти муолиҷаи бемории Алсгеймерро (заифшавии асабро) таҳқиқ доранд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
ҶАВОНМАРДӢ НАМИРАД!
Марде бо либоси фохир савори асп мегузашт. Ногоҳ садои нолаву ғиреви касеро шунид. Аз асп пиёда шуду дид, ки марде даруни чоҳ афтода, мадад металабад, аз ин рӯ, зуд ба ёрии ӯ шитофт.
Шахси дарчоҳафтода нидо кард:
- Эй, бародари муъмин, роҳзанон баъди талаву тороҷ либосҳоямро ҳам аз тан кашида бурданд, нахуст либосҳоятро ба чоҳ андоз, то пӯшам. 
Мард аз рӯи дилсӯзӣ хости афтодаро ба ҷо овард.
Он бенаво бо ёрии марди некхоҳ аз чоҳ бадар омад. Аммо зуд ба халоскори худ часпид, ӯро ба замин афканд ва ба асп нишасту роҳи гурез пеш гирифт.
Марди бечора аз паси он ношукр чунин садо дод:
- Ҳой, бародар, илтимос, ин воқеаи нангинро ба касе магӯ, то касони дигар аз ёриву карам ба афтодагон рӯ натобанд ва гумон накунанд, ки ҷавонмардӣ мурдааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
БАНГЛАДЕШ МАКТАБИ ШИНОКУНАНДА 
Қисми зиёди масоҳати Бангладеш аз сатҳи баҳр пасттар буда, бо ин сабаб дар он ҳар сол ду маротиба обхезиҳои азим ба амал меоянд. Дар натиҷа, аз панҷ як ҳиссаи аҳолии Бангладеш аз обхезиҳо азият мекашанд ва табиист, ки ба муассисаи таълимӣ рафтани кӯдакон ғайриимкон мегардад. 
Дар робита ба ин, ташкилоти ғайритиҷоратии Shidhulai Swanirvar Sangstha барои ҳалли ин мушкилот хонаҳо, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои таълимии шинокунандаро бунёд кардааст. Аз ҷумла, мактабҳо бо батареяҳои офтобӣ фаъолият карда, дорои ноутбук, интернет ва китобхона мебошанд. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
АГАР ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ НАМЕБУДАМ…
Вақте Искандари Мақдунӣ аз асп пиёда шуд, аскару афсар ҳама сар хам кардаву сари зону нишас-танд. Ғайричашмдошт Диоген, яке аз машҳуртарин файласуфони Юнони қадимро дид, ки болои сурфачае рӯ сӯи Офтоб ба пушт задааст. Сарлашкар аз рӯи эҳтироме, ки дошт, наздик омад ва пурсид:
- Бигӯ, дилат чӣ мехоҳад, ки муҳайё кунам?
- Айни ҳол фақат ҳаминро мехоҳам, ки каме онтарафтар биистӣ, то пеши Офтобро нагирӣ ,- мегӯяд Диоген.
Искандар аз чунин посух ва ҷуръати ҳамсуҳбаташ боз бештар ба ваҷд омад ва рӯ ба лашкараш оварда нидо кард:
- Агар ман Искандари Мақдунӣ намебудам, бисёр мехостам, ки Диоген бошам.   
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
БОЗЁФТИ МАҲЛУЛИ ОРОИШИИ 2700-СОЛА
Олимони Академияи илмҳои Чин дар қабри ашрофзодае маҳлули ороишиеро пайдо карданд, ки таърихи  2700-сола дорад.  Кофтуковҳо дар мавзеи Людзява дар шимоли Чин анҷом дода шуданд. Бозёфт ба давраи ба истилоҳ "Баҳор – Тирамоҳ"-и Чин (771 – 476 пеш аз милод) тааллуқ дорад.
Маҳлули ороишӣ дар дохили кӯзаи биринҷӣ буд ва аз ду ҷузъи асосӣ –  чарбуи ҳайвон (ба эҳтимоли зиёд чорпоёни парваришёфта) ва ҷавҳари сафед бо номи «Шири моҳ» иборат аст. Ин бозёфт намунаи аввали истеҳсоли маҳлулҳои ороишӣ  дар Чин ба ҳисоб меравад.
Тибқи хулосаи олимон, он мебоист рӯи одамро сафед намуда, мақоми баланди ӯро таъкид мекард. 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
ЧАРО ЧИНИҲО АЗ ИСТИФОДАИ ВЕЛОСИПЕДҲО ДАСТ МЕКАШАНД?
Тамоми дунё медонад, ки Чин кишвари велосипедронҳост. Дақиқтар бигӯем, ҳамин тавр буд. Имрӯз вазъият куллан дигар шудааст. Чанд сол пеш кӯчаҳои Шанхай пур аз нафароне буд, ки бо велосипед ҳаракат мекарданд. Ин нақлиёти асосии шаҳр маҳсуб мешуд, ки ҳама аз хурд то калон аз он истифода мебурданд.
Чаро имрӯз аз ин воситаи нақлиёт истифода намебаранд ва онро ба партовгоҳ месупоранд? Бояд тазаккур дод, ки вақтҳои охир Чин бо суръати баланд ба технологияи нав гузаштааст. Одамон дигар ба истеҳсолоти куҳнашуда  ҷой намедиҳанд, аз ҷумла ба велосипед низ.
Алҳол дар маҳалҳои аҳолинишини ин кишвар мошинҳои пур аз дучархаро мебинед, ки ба партовгоҳҳо равонанд. Велосипедҳои анъанавиро бошад, босуръат веломобилҳои барқӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мутобиқ ба замонанд, иваз менамоянд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ВАСИЯТНОМА – РОМАН
Бонуи амрикоӣ Фредерика Эвелин Стилуэл Кук шахсе шинохта мешавад, ки тӯлонитарин васиятномаро дар ҷаҳон таҳия кардааст. Он беш аз 95 ҳазор калимаро дар бар мегирад. 
Ҳарчанд Фредерика сарвате надошта бошад ҳам, вале тӯли ҳаёташ дӯстон ва душманони зиёдеро пайдо намуд. Аз ин рӯ, ӯ дар васиятномааш ба ҳар яки онҳо чанд сатре бахшидааст. Барои эҷоди чунин санади ғайриодӣ  Фредерика 20 соли ҳаёти худро сарф менамояд. Тааҷҷубовар аст, вале баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки, агар васиятномаро нашр намоянд, аз романҳои хондании замона камӣ  нахоҳад дошт.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
АДИБОНЕ, КИ ТО 25 - СОЛАГӢ НОМ БАРОВАРДААНД
Нависандаи шинохтаи англис, бонуи бомаҳорат Мэри Шелли соли 1797 дар шаҳри Лондон ба дунё омадааст.  
Чун волидонаш донишманд буданд, ӯ дар мактабҳои пешрафтатарини  Лондон дарс мегирифт. Инчунин, ба шарофати онҳо Мэри бо нависанда ва шоири мумтоз Перси Биш ошно мешавад. Дере нагузашта Перси Биш мафтуни Мэри шуда, бо ӯ издивоҷ мекунад.
Мэри Шелли дар эҷоди асар қобилияти фавқулода дошт. Соли 1818 романаш «Франкенштейн ё Прометейи сонӣ» ба табъ мерасад, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Чуноне муҳаққиқон эътироф мекунанд, ин роман аввалин асари илмӣ - тахайюлӣ дар адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
НАВРАСЕ, КИ ДАР ЧАНД МОҲ МИЛЛИОНЕР ШУД
Палмер Лаки – кӯдаке, ки як замон танҳо машғули бозиҳои видеоӣ буду рӯзашро дар гараж бо ихтирои асбобе кӯр мекард, имрӯз яке аз машҳуртарин тоҷирони дунёст. 
Ҳамаи муваффақиятҳояш аз ихтирои айнаки виртуалӣ ва нашри ин идея дар сомонаи «Кикстартер» оғоз ёфт. Бо ин амалаш, ӯ дар фосилаи кӯтоҳ 250 ҳазор доллари ИМА ба даст овард. Дар як моҳ ин нишондиҳанда ба 2,4 миллион доллар расид. Баъд аз ду сол, ҳангоме ки 21 сол дошт, шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ширкати ӯ Oculas VR-ро бо нархи 2,3 миллион  доллар харид. Тибқи хулосаи маҷаллаи «Форбс», соли 2018 дороияш 700 миллион долларро ташкил медод.  
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2021    №: 32    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед