logo

фарҳанг

«ЯК НИГОҲИ ТУ ДИЛАМРО МЕБАРАД». ТАРОНАИ СОҲИБДОРИ «БЕСОҲИБ»

Даҳ - понздаҳ сол аст, ки дар саҳнаи ҳунарии тоҷик сафи ҳофизони  копихон (бозхон) фузудан дорад, ки таронаҳои ёдмони овони шӯравиро бо тарзи наву замонавӣ бандубаст карда месароянд. Хуш ба ҳолашон.  Бо ин роҳ аксар сурудҳои замоне маъруф бори дигар зинда мегарданд.
 
Сурудҳое, ки копихонӣ мешаванд, онро нафарони аз панҷоҳсола боло хуб ёд доранд. Ин зумраи ҳаводорон сарояндаи суруд, муаллифи шеър ва оҳангро низ ба хубӣ медонанд.
Қисмате аз овозхонҳои имрӯза ҳофизи қаблан сурудаи таронаашро эътироф мекунанд. Баъдан, бе гуфтаи онҳо насли калонсол, ҳаводорони санъат, бе иқрори копихонҳо ҳофизони маъруфро ҳам медонанду мешиносанд.
Ҳастанд сарояндаҳое, ки шеъру оҳанги кӣ будани таронаи бозхондаашонро пинҳон медоранд. Онҳо таронаи замоне маъруфро бо каме обу ранги мусиқӣ (оранжировка) худӣ мегардонанд. Ба мисол, шунидем, ки дар яке аз маъракаҳои дар кӯҳистон доиршуда, сарояндаи шаҳрӣ бе ибо изҳор дошт, ки суруди хондааш – «шеър ва оҳанги халқист» ё тавассути телевизон тамошо кардем, ки овозхоне мегуфт: «панҷ суруди нав омода намудаам»...
Ҳам аввалӣ ва ҳам баъдӣ иштибоҳ карданд.  Нофаҳмида ё барқасд ин масъалаи дигар аст. Шеъри якум ҳам муаллиф дошту  ҳам оҳангсоз. Дувумӣ низ рӯширинӣ кард, зеро як сурудаш кайҳо боз «соҳиб» дошт.
Яке аз сабабҳои ба копихонӣ рӯ овардани ҳофизони навзуҳур ин камҳавсалагӣ, ночорӣ ва пеш гирифтани роҳи «кӯтали осонбаро» аст. Суруд забонзада, хотирмон, оҳанги муфт, муаллифон (ағлаб шоир, ҳофиз, оҳангсозон) аз дори дунё гузашта. Касе даъво намебарад, нафаре (ӯро, маро онҳоро) ба суд намекашад, ҳаққи муаллифӣ талаб намекунад. Зеро чунин рафтор дар мо маъмул нест ва талаби ҳақ ба ҳукми анъана надаромадааст. Аз ҳама асосиаш маблағ сарф намешавад. Осонакак ва...
Баъдан, мисли даврони шӯравӣ оҳангсозоне мисли Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одина, Шарофиддин Сайфиддин, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Талабхӯҷа Сатторов, Қиматшо Шоискандаров, Зайниддин Зулфиқоров, Зокир Нишонов, Абдусалом Раҳимов, Одилҷон Назаров, Шералӣ Қосимов, Абдураҳмон  Тошматов, Қудратулло Яҳёев, Меҳралӣ Сафармамадов ва дигарон барои ҳофизон суруд (оҳанг) наменависанд.
Алъон копихонҳои пештоз, ин фарзандону набераҳои санъаткорони маъруфи тоҷиканд. Раҳматулло ва Фирдавс (Одина Ҳошим), Исмоил, Давлат, Соҳиб (Абдулло Назрӣ), Нозия ва Муҳаммадрафӣ (Кароматулло Қурбон), Ҷовидон (Зафар Нозим), Наврӯз (Дӯстмурод Алиев) ва дигарон суруду таронаҳои ҷадди хешро замзама мекунанд. Худро соҳиби ганҷи шойгони падарони хеш медонанд, ки ҳалолашон бод. Ҳарчанд мутмаинам, ки ягон нафари онҳо ба қавле дар ду дунё мисли устодони бузург Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Дӯстмурод Алиев, Кароматулло Қурбон, Тағоймурод Хушвахт хонда наметавонанд. 
Ҳамчунон, сарояндаҳо Нигина Амонқулова, Сафомуддин Раҷабов, Дилшоди Файзулло ва дигарон низ кайҳо дар ин ҷода остин барчидаанд.
Дар фарози ин барзан риояи чанд қоида ҳатмист. Якум, вайрон накардани суруди қаблан садодода. Дувум, садои ҳофиз ақаллан ба овози ҳофизи пешина наздикӣ кунад. Савум, аз рӯи оини ҷавонмардӣ ибрози номи муаллифон (шоир ва оҳангсоз).
Ҳастанд ҳофизоне, ки имрӯз ҳангоми бозхонии суруд аз ба забон овардани соҳибони ҳақ – муаллифи шеър ва оҳангсоз худдорӣ мекунанд. Ин амали хато то ба ҳадди ифрот расидааст.
Тайи солҳои охир инҷониб аз ду консерти телевизионӣ метавонам ёд овард. Аввалӣ консерт, барномаи мукаммали ҳунарии хонандаи шинохта Саидқул Билолов ва консерти ҳисоботии дастаи ҳунарии «Дарё» (баъди роҳбар шудани Фарҳод Зикиров, соли 2020), телевизион дар оғози ҳар суруд, дар титр номи муаллифон – шоир ва оҳангсозонро нишон доданд...
Дар ин нобасомониҳо таҳиягарони барномаҳои консертии бахшҳои мусиқии телевизионҳо низ «саҳм» доранд. Зеро онҳо ҳангоми пахши ин ё он суруд дар навад дарсади маврид номи шоир ва оҳангсозро, умуман, нишон намедиҳанд. Маҳз чунин рафтор, камҳавсалагии таҳиягарон боиси беҳурматӣ ва нигаронкунандаанд.
Қаблан барои саҳеҳияти андеша, чанд сухан дар хусуси сароянда, оҳангсози шинохта мегӯем. Маҳмадалӣ Увал (9.11.1955 – 28. 5. 2019), овозхони авлодӣ, зодаи деҳаи Чавроғи Кангурти бостон. Фарзанди сарояндаи номвар Соҳиби Увал (шогирди устоди забардасти ҳунар Карими Шиш) дар арсаи ҳунар, шурӯъ аз соли 1970, доманаи панҷоҳ сол гом мениҳод. 
Аз бози таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ҳамчун сарояндаи хушлаҳн ном бароварда буд. Ҳофизи забардасти тоҷик Одина Ҳошим (равонашон шод бод) боре дар суре сурудхонии ҳофизи ҷавон – Маҳмадалӣ Увалро шунида, мафтун гаштаву ба ӯ баҳои баланд дода буд.
Маҳмадалӣ нахустоҳанги хешро соли 1981 бар ғазали Мирзо Асадулло Ғолиб эҷод намудаву дар зарфи 38 соли эҷод бар ашъори шуарои классик ва муосири тоҷик зиёда аз сад оҳанг офаридааст.
Пас  аз  хатми  омӯзишгоҳ  бо роҳхат ба совхози «Туркманистон» - и ноҳияи Вахш омада, чанде муаллимӣ кард. Соли 1980 бо даъвати гавҳаршинос, муовини директори Театри  мусиқӣ - мазҳакавии Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) зиндаёд Сайфиддин Эшмуҳаммадов ба театр гузашт.
Барандаи Ҷоизаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1972), ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявии «Бӯстон -1» (1974, аз ноҳияи Кӯлоб), «Бӯстон -2» (1982, аз ш. Қӯрғонтеппа) буд.
Бо  нолаҳои  дилнишин байни ҳаво-доронаш дар қаламрави собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Свердловск, Роғун ва ғайра  маҳбуб гашта буд. Ҳофизи авлодӣ бо садои махмалин ва лаҳни ширин.
Мисол: охири солҳои 80 - уми асри XX Маҳмадалӣ Увал ба шеъри «Тири нигоҳ» (Як нигоҳи ту диламро мебарад) - и устод Муҳаммад Ғоиб оҳанги дилнишине баст. Ин тарона дар барномаи ҳунарии ӯ мақоми шоистаро касб кард. Ин сурудро ҳофиз дар маъракаву чорабиниҳо ва маҳфилҳои дӯстон мувофиқи талаб месуруд. Дар доираи дӯстони ҳамватан ин суруд «шлягер» шуда буд.
Маҳмадалӣ, ҳамчунон, суруди «Модар» (шеър аз Нозирҷон Боҳирӣ, оҳанги М. Увал) - ро бағоят ширин месуруд. Аввалҳои соли 2019 дар барномаи ҳунарии вай таронаи наве зуҳур кард. Шеъре бо унвони «Назира» (шеър аз Шоҳона) – ро тавассути телефон ба он ҷониб, ки дар НБО «Роғун» ифои вазифа дошт, қироат кардам. Ду рӯз пас тавассути телефон бо аккордеон он сурудро бо оҳанги марғубе тараннум кард, ки бас хотирмон ва дилнишин буд...
«Тири нигоҳ» - и М. Увалро солҳои охир овозхонҳо Раҷабалӣ Увал (бародари Маҳмадалӣ, аз дастаи ҳунарии «Фалак»), Баҳриддин Беков («Фалак»), Шоҳин Абдуллоев («Фалак»), Олими Ҷумъахон («Фалак»), Сангалӣ Баҳриддин (шаҳри Роғун) ва чанде дигар дар барномаи ҳунариашон ҷо кардаанд. Таассуфовар он аст, ки ағлаби онҳо рӯшод намегӯянд, ки шеър аз устоди забардаст Муҳаммад Ғоиб асту муаллифи оҳанг Маҳмадалӣ  Увал. Дар телевизион  (журналистон, муҳаррирони навзуҳур), дар титр ягон дафъа ҳам наменависанд, ки он чун асту ин чун.
Мурод аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки таронаи «Тири нигоҳ» (Як нигоҳи ту диламро мебарад) шеъри Муҳаммад Ғоиб ва оҳангсозаш Маҳмадалӣ Увал аст. Ин суруди дилфаро умри беш аз 30 – соларо убур кард, ки ин санаи муборак барои ҳофизони копихон муборак бошад.
 
Умари ШЕРХОН, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед