logo

сиёсат

ПАЁМ. ФАРДОРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бузургу тақдирсозест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти ҷомеаро фаро  мегирад. Он, инчунин, инъикоскунандаи фикру андешаҳои хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Паём машъалест, ки хурду бузурги мардуми кишварро роҳнамоӣ карда, ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.
Қобили зикр аст, ки аз аввали солҳои соҳиб-истиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои авлавиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ин қишри ояндасози ҷомеа аз дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд. Чуноне ҳама шоҳидем, дар ин давра ҷиҳати боло рафтани маърифатнокии онҳо ва бархӯрдор шудан аз илму технологияи муосир тамоми шароити мусоид фароҳам омаданд, ки ба рушди насли ояндасоз такон бахшид. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни  наврасону ҷавонон чеҳраҳои бомаҳорату болаёқатро кашф намуд. Бо назардошти ин, 26 январи соли равон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ рӯ овардани наврасону ҷавонон  эълони озмуни ҳарсолаи «Илм – фурӯғи маърифат»-ро пешниҳод карданд. Ҳамзамон, Сарвари ғамхори миллат барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо таклиф намуданд, ки аз 1 сентябри соли равон стипендияи онҳо 30 дарсад зиёд шавад. Ибтикороти навбатии Пешвои муаззами миллат, чун дигар ташаббусҳои наҷибашон, миёни аҳли ҷомеа гарм истиқбол гирифта шуд, зеро ҳама мутмаинанд, ки ин иқдомот заминаи устуворанд, баҳри ба камол расидани шахсиятҳои донишманду соҳибҳунар ва муваффақу комёб. 
Имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар пешорӯи иди фархундаи миллӣ – Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин маънӣ низ яке аз нуктаҳои муҳими  Паём ба ҳисоб мерафт. Воқеан, тайи ду соли ахир бо раҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ин иди саид корҳои созандагӣ тақвият ёфтанд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус, ободониҳо вусъати тоза касб карданд ва бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъона Ватани маҳбубамон намои тоза гирифта, шукуфотар гардид. Ва чун ҳамешагӣ, Сарвари давлат ин дастовардҳоро  натиҷаи заҳмати содиқонаи сокинони шарафманди мамлакат арзёбӣ карданд, зеро Пешвои маҳбуб ба хайрхоҳӣ меҳнатдӯстии мардуми хеш бовар доранд. Ба ҳамин хотир, зимни ироаи Паём Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд: «Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат, эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то Ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».
 
Заррина ШОНАЗАРОВА,  
сармутахассиси  Суди 
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед