иҷтимоиёт
РАҲНАМО
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 26 январи соли равон ироа гардид, барои сокинони кишвар, бавижа аҳли маориф, ҳуҷҷати раҳнамо маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат оид ба таъйини пешрафти соҳоти мухталиф вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки дар марҳалаи ҳозира Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ин росто, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шуданд, ки сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардошта, ҷиҳати боло бурдани савияи дониш ва маърифатнокии талабагон ва донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Хушоянд аст, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат, инчунин, ба масъалаи фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар бораи ҳамасола гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо назардошти ҷалби ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои риёзиву табиӣ саривақтӣ ва мувофиқи мақсад аст. Зеро маҳз дар чунин озмунҳо наврасону ҷавонон донишу маҳорати худро санҷида, минбаъд барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши бориз мегузоранд.
Таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қаноатмандӣ аз ташаббусҳои созандаи мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ва бонувони саодатманду ватандӯст, боиси сарфарозист.
Бар он боварем, ки сокинони кишвари афтобрӯяи Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизи худро ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил медиҳанд. Ҳамагон дар якҷоягӣ бо заҳмати содиқона то Ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Сангалӣ САИДОВ,
омӯзгори МТМУ № 57, ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2021 №: 33 Мутолиа карданд: 484