фарҳанг
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, баргузор мешавад, бори дигар собит сохт: мардуми тоҷик китобдору китобхон аст.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон, рушди зеҳнии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бо ҷавонони кишвар мунтазам таъкид менамоянд: «Шумо – ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо – тоҷикон дар тӯли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд». Воқеан ҳам, ин таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як наврасу ҷавони бедордилро водор месозад, ки ба донишомӯзиву китобхонӣ машғул шаваду ҷаҳони маънавии хешро ҳарчи бештар ғанӣ гардонад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтарин ганҷинаҳои адабиётро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкон фароҳам меоранд, ки дар кишвари зебои мо кӯдакону наврасони донишманд ба воя бирасанд ва барои давлату миллати худ хизмат кунанд.
Дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мо дар байни пайвандонамон озмуни оилавии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро баргузор намудем, ки хеле таъсирбахш ва диққатҷалбкунанда гузашт. Ҳис кардем, ки то кадом дараҷа озмуни ҷумҳуриявӣ ба ҳадафу мақсадҳояш ноил шудаву натиҷаю таассуроти баланд гузоштааст.
Мо саволҳои озмуни оилавиро гуногун гузоштем. Баъди худро муаррифӣ кардану чанд рубоӣ, ғазал ва асарҳои насриро аз худ карданро фаҳмидем, муайян кардем, ки ҳамчунин, муқаддасоти Тоҷикистон кадомҳоянд, дар боби рӯзгордорӣ чиро медонад, киро идеал ҳисоб мекунад ва дар оянда кӣ шудан мехоҳад, ахлоқи ҳамидаро чӣ хел мефаҳмад, мафҳумҳои иттиҳод, дастҷамъӣ, падар, модар, Ватанро чӣ хел шарҳ медиҳад, бо забони русӣ гап заданро аз довталабон пурсон шудем. Барои ишғоли ҷойҳои 1, 2, 3-юм ва 2 ҷойи ифтихорӣ иштирокчиёни аз 5 - сола то 65 - сола қувваозмоӣ намуда, аъзои ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.
Акнун Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳбалад шуд, ки мо ибтидои ин озмунро аз оила, деҳа, ҷамоат оғоз намуда, ба сатҳи ноҳияю вилояту ҷумҳурӣ барорем. Ин ҳолат боис мегардад, ки робитаи мактабу оила боз ҳам мустаҳкам гардад. Фикр мекунам, ки дар барномаю саволномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баробари фанҳои гуманитарӣ илова мешуд, мазмун ва таъсири баргузории он боз ҳам таассуроти зиёд мебахшид.
Ташаббус ва иқдоми бузурги Пешвои миллат доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таассуроти нек бахшид ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирӣ ёфт. Ҳамин ҷаҳду ҷадал дар роҳи боло бурдани маънавиёти ҷомеа самараи нек ба бор меоварад. Мо ба амалишавии ин иқдому ояндаи неки Ватан бовар дорем, зеро Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барҳақ фармуда:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Имомназари КАРИМИЁН,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2021 №: 33 Мутолиа карданд: 474