иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Убайдулло Эшонқулов дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Мактаби нопурраи миёнаро дар Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) хатм намуда, ба фаъолияти корӣ шурӯъ намуд. То соли 1952 дар мактаби агрономии шаҳри Ӯротеппа таҳсил менамояду баъди хатми он ба Институти хоҷагии қишлоқ (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) дохил ва онро бомуваффақият хатм менамояд.
Фаъолияти кории илмиашро дар истгоҳи таҷрибавии рустаниҳои субтропикии Вахш аз ходими хурди илмӣ оғоз намуда, пасон директори он таъйин мегардад. Таҳти роҳбарии В. И. Сулая корҳои илмӣ – тадқиқотии зиёде гузаронда, барои дар истеҳсолот истифода намудани ин гурӯҳи рустаниҳо саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварии ба номи Н. Қарабоеви ноҳияи Вахш ташкил мешавад. Бо меҳнату заҳмати олим аксарияти хоҷагиҳои лимӯпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад бо ниҳолҳои хушсифат таъмин гардиданд.
Соли 1978 ташаббускорӣ ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи директори Институти боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоткорӣ таъйин намуданд. Дар давоми фаъолияти илмӣ аз ҷониби ӯ навъҳои беҳтарини рустаниҳои ситрусӣ барои парвариш дар хандақҳои лимӯ ва афлесун парвариш шуда, ҷиҳати интихоб ва рушди хоҷагиҳои соҳа васеъ истифода мешавад. Таҳти роҳбарии ӯ аввалин маротиба дар истеҳсолоти ситруспарварӣ масъалаи коркард ва парвариши ин гурӯҳи рустаниҳо омӯхта шуда, барои истифода навъҳои беҳтарин тавсия шудаанд.
Тавсияҳои илмӣ ва методии олим ҷиҳати истифодаи усули дар хандақ парвариш намудани рустаниҳои ситрусӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи амалии худро ёфтаанд. Ғайр аз ин, олим дар масъалаи омӯзиш ва коркарди усулҳои агротехникии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар хандақҳои типи ҳозиразамон, яъне хандақҳои дуқабата, саҳмгузор мебошад. Ба ғайр аз корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, олим дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми арзанда дорад. У. Эшонқулов дар тайёр намудани кадрҳо низ саҳми босазо гузоштааст. Дар ҳамкорӣ бо шогирдон навъҳои беҳтарини зироатҳои ситрусӣ ва субтропикиро ба вуҷуд овардааст. Пайваста дар роҳи илм заҳмат мекашид.
Барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи ситруспарварӣ бо ду ордени ”Байрақи сурхи меҳнат”, ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст. Соли 1974 бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино сарфароз шудааст.
У. Эшонқулов муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, мақолаю рисола ва монографияҳо бахшида ба зироатҳои субтропикӣ мебошад.
Нигина РАҲМОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2021 №: 33 Мутолиа карданд: 512