номаҳо
ИЗҲОРИ СИПОС
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» - ро зарур донистанд, ки воқеан, барои бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ба илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ, иқдоми саривақтӣ мебошад. Озмуни мазкур, аллакай, дар радифи дигар озмун писандидаи наврасону ҷавонон – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба рушди ҳамаҷонибаи насли наврас мусоидат менамояд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 – и деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 - Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ сатҳу сифати таълимро беҳтар намуда истодааст. Бо ин мақсад, дар муассисаи таълимӣ, ки соли панҷум фаъолият менамояд, шароити мусоид фароҳам аст. Ҳанӯз соли 2015 баъди ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ дар ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия дар баробари дигар иншооти зарурӣ бинои замонавии муассиса бо шароити зарурӣ сохта ба истифода дода шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 дар давоми қариб панҷ соли фаъолияташ дар самти омӯзондани толибилмон бо фанҳои дақиқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Иштироки фаъолонаи хонандагони муассиса дар озмунҳои фаннии сатҳи вилоятию ҷумҳурӣ далели онанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 11 – уми муассиса Саида Нафасбекова бо сазовор гаштани ҷойи аввал аз фанни алгебра барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Камила Ёрмамадова, Ёсуман Алимамадова, Замираи Ҳолимбек ва дигарон аз фанҳои химия ва забонҳои англисӣ, русӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ки натиҷаи заҳмату талошҳои омӯзгорони муассиса мебошад.
Ба варзиш фаро гирифтани хонандагон ҷиҳати бурдани тарзи ҳаёти солим низ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи масъулон ва роҳбарони ноҳия қарор дорад. Айни замон дар ноҳия деҳа ва муассисаи таҳсилоти умумие, ки онҳо иншооти варзишии навбунёд вуҷуд надошта бошад, ангуштшумор аст. Умуман, солҳои охир маориф дар ноҳия хеле пешрафт кардааст. Қариб ҳамаи 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла МТМУ № 56 дорои биноҳои нави таълимӣ буда, бо омӯзгорони соҳибкасб таъминанд. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорони муассиса аз Ҳукумати мамлакат, бевосита аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарону масъулони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароити таълим, махсусан баъди дар ноҳия сар задани офати табиӣ, ки хароҷоти зиёд ба бор овард, сипосгузорем. Дар навбати худ кӯшиш менамоем, ки барои татбиқи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ саҳми бештар гузошта, хонандагон ва дӯстдорони ин фанҳоро барои иштирок дар озмуни навбатии «Илм – фурӯғи маърифат» омода созем.
Дилоро БОБОҶОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 56 – и деҳаи Раҳмонободи
Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2021 №: 34 Мутолиа карданд: 8829