маориф
МАОРИФ. ВАҚТЕ РОҲБАР БА ДОНИШУ МАҲОРАТ АРҶ МЕГУЗОРАД...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот диққати махсус зоҳир намуда, таъкид сохтанд: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Президенти кишвар масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон таъкид намуда, муассисаҳои типи нав - мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар ин ҷода пешсаф унвон карданд. Воқеан ҳам, ҳар сол беш аз 97 дарсади хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ дар тақвияти порсола зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани ҷавонону наврасон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ташкил ва гузаронда шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нишон доданд, ки дар миёни ҷавонону наврасон истеъдодҳои нодир зиёданд, мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмию техникии онҳо мебошад.
Баҳри амалӣ гардондани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат» - и шаҳри Душанбе ҳама шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир муҳайё буда, синфхонаҳо ва кабинетҳои химия, биология, физика, математика, технологияи информатсионӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, технологияи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, маркази тестӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо омӯзгорон аз рӯйи ихтисосҳои худ бо хонандагон дарс медиҳанд.
Хонандагони литсей дар давраи аз Паём то Паём дар маҳфилу чорабиниҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои дохилилитсейӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (фосилавӣ), иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Маъмурият ва омӯзгорони литсей баҳри он мекӯшанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои ӯ дар Паёми имсолаашон сатҳи саводи хонандагонро то сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ баланд бардошта, баҳри маърифатнокии хонандагон ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо тамоми неру ва ғайрати худро сарф намоянд.
Ҷамолиддин СИРОҶЗОДА,
директори литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2021 №: 34 Мутолиа карданд: 4997