иҷтимоиёт
БО ПЕШВО БА ПЕШ!
Инак, соли 2021 мелодиро бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардем. Дуои ман ҳамчун як модари тоҷик ҳам қабл аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин буд, ки мардум солҳои минбаъдаро бо ҳамин марди фарзонаву худоназаркарда истиқбол гиранд ва дуоҳо мустаҷоб шуданд. Боз 7 соли дигар бо Пешво.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо бо меҳру муҳаббат ва ҷавонмардӣ дар дили мо – модарон маъво ёфтаанд. Камина омӯзгори забони русӣ ҳастам. Солҳо бо таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, ҳоло давлати пирӣ меронам. Ҳама суханрониву вохӯриҳои судманди Президенти кишварро пайгирӣ мекунам, барои худ сабақ мегирам.
Хушбоварем, ки бо интихоби дигарбораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи шарафманди тоҷик ба самти уфуқҳои нави рушду тараққиёт қадам хоҳад гузошт. Зеро дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ ба Пешвои муаззами миллат муяссар шуд, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллати мо табдил диҳанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Сарвари давлати мо ба гуфтаҳои хеш амал карданд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун оварда, тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон истифода бурданд.
Дар таърихи 30 октябри соли 2020 савганд ёд карданд, ба халқи шарифи тоҷик зикр намуданд, ки аз нону намаки халқ, аз меҳрубонӣ, лутф ва чашминтизориҳои пиру ҷавон дар шаҳру навоҳии мамлакат сипосгузорам.
Зинда бод чунин шахси хоксору бузургвор!
Зинда бод, Пешвои миллат!
Шаҳодат НИЁЗОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд, собиқадори соҳаи маориф
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2021 №: 34 Мутолиа карданд: 489