иҷтимоиёт
ЛУҒАТОМӮЗӢ ВА РОҲҲОИ ТАШКИЛИ ОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Дар синфҳои ибтидоӣ асоси таълими забони англисиро инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон ташкил медиҳад. Инкишофи нутқи шогирдон ва баланд гардидани маърифати забондонии онҳоро бошад, бе захираи муайяни луғавӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои он ки хонандагон ба омӯхтани луғат бештар ҳавасманд гарданд, мо аз роҳҳои гуногуни луғатомӯзӣ истифода мебарем.
Дар аввали соли хониш ба хонандагон супориш медиҳем, ки дар дафтари луғатомӯзӣ қисми зиёди луғатҳои даркитобовардаро навишта гиранд. Дар ҳар дарс 5 – 6 дақиқаро барои хондани луғат бахшидан зарур аст. Хонандагон луғатҳоро аз аввал то охир хонда мебароянд. Ин кор ду – се ҳафта давом мекунад. Баъдан, миёни хонандагон мусобиқа ташкил мешавад.
Теъдоди хонандагонро ба назар гирифта, синфҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намудан лозим аст. Ба ҳар гурӯҳ ном гузорем шавқи бачаҳо бештар мегардад. Номҳои ба фарҳанги миллати мо наздик бошад боз беҳтар (Меҳргон, Сада, Наврӯз, Тиргон ва ғайраҳо). Пешакӣ дар варақаҳои алоҳида мувофиқи шумораи хонандагони гурӯҳ луғатҳо навишта мешаванд. Барои ҷавоби дуруст як хол дода мешавад. Агар дар гурӯҳ 5 хонанда бошаду шарҳи ҳамаи луғатҳоро донанд, соҳиби 5 хол мегарданд. Дар сурати надонистани шарҳи ягон луғат холҳо низ кам мегардад.
Супоришҳо баъдан дигар карда мешаванд. Дар охир холҳо ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян мегарданд. Ба мушоҳида мерасад, ки бо ин усулу шаклҳои кор таваҷҷуҳи хонандагон нисбат ба луғатомӯзӣ зиёд мегардад. Ҳар хонанда кӯшиш хоҳад кард, ки бисёртар луғат аз ёд намояд. Ҳатто хонандагони сустхон аз ин қатор мондан намехоҳанд.
Чизи дигар ин, ки вақте мавзӯи навро мегузарем, хонандагон, аллакай, калимаҳои душворфаҳмро маънидод карда метавонанд.
Индира ЮЛДОШЕВА,
омӯзгори МТМУ № 101 ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2021 №: 34 Мутолиа карданд: 598