қарорҳои ҳукумат
Қ А Р О Р И КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъйин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32 рӯзи 18 апрели соли 2021 таъйин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2021, № 154
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2021 №: 35 Мутолиа карданд: 4817