сиёсат
КОБУЛ. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД
14 - 16 феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар раъси як ҳайат ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ» ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов зимни сафар бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, муовини якуми Раисҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парлумон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи амниятии ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба мавзӯъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳар ду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.
Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, С. Ятимов дар конфронс бо маърӯза баромад карда масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналмилалӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардонии вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди баррасӣ қарор дод.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок анҷом пазируфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2021 №: 35 Мутолиа карданд: 779