сиёсат
ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАРАКАТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОН ПАЖӮҲИШИ АРЗИШМАНД
Таҳлил ва таҳқиқи объективонаи таърихи таъсису фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои муайян намудани нақшу мақом ва ҷойгоҳи онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, арзёбии воқеъбинонаи саҳми ин ҳизбу ҳаракатҳо дар амри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти воқеии мамлакат нақши муҳим дорад.
Рисолаи навбатии доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ба вуҷуд омадани низоми бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурии мо, таъсис, ташаккул ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст.
Дар маҷмӯа асарҳои солҳои 1996 - 2019 таълифнамудаи муаллиф гирд оварда шуда, фарогири муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мебошанд.
Андешаву пажӯҳиши профессор Ваҳҳоб Набиев аз он хотир муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки мавсуф солҳои 1997 - 2003 ба сифати мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини якуми раиси вилояти Суғд кору фаъолият бурда, ба масъалаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ машғул буда, дар ин самт таҷрибаи фаровон андӯхтаанд. Зимнан, бояд гуфт, ки муаллиф дар раванди таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Корвони сулҳ ширкат варзида, аз таърихи ин ва дигар масоили марбут ба китоб ба хубӣ воқиф аст. Аз ин сабаб, мушоҳидаҳо ва навиштаҳои ӯ ҳам дар пояи таҷрибаи амалӣ ва ҳам далелу маълумоти муътамади бойгонӣ, тадқиқоти таҳлилгарон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон рӯи қоғаз омада, арзиши баланди илмӣ (назариявӣ ва амалӣ) доранд.
Мақолаҳое, ки дар маҷмӯа гирд оварда шудаанд, ба се забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ таълиф гардида, ба ин васила арзиш ва доираи хонандагони худро васеъ месозад.
Бо итминон метавон гуфт, ки маҷмӯаи мазкур барои муаррихон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон ва доираи васеи хонандагон хеле муфид буда, аз он маълумоти наву тоза ва дақиқро пайдо кардан мумкин аст.
Аюб УСМОНОВ,
профессори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров,
Шавкат ШАРИФОВ, Иброҳим ҶАББОРОВ,
номзадҳои илми таърих, дотсентони донишгоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2021 №: 35 Мутолиа карданд: 839