иҷтимоиёт
КӮШОНИЁН. ЭҲСОНКОРӢ РӮЗГОРИ НИЁЗМАНДОНРО ЗИНАТ МЕБАХШАД
Дар яке аз ноҳияҳои аз ҷиҳати ҳудуд ва нуфуси аҳолӣ калонтарини вилояти Хатлон – Кӯшониён дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи босарфаи неруи барқ, заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон, ёрӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ки 15 декабри соли 2020 ҳангоми машварати кории аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ иброз гардида буд, ба таври мунтазам татбиқ мешаванд.
- Мо дастурҳои муфиди Президенти ғамхори кишварро дар саргаҳи амалҳои ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо тартиб додани муроҷиатномаи фарогири тамоми масъалаҳои мубрам фавран гурӯҳҳои кории иборат аз намояндагони ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ таъсис додем, - мегӯяд Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён. - Ҳоло ташаббускорон бо усули хона ба хона бо нармсуханӣ муҳимияти иҷрои дастури Пешвои муаззами миллатро ба сокинон фаҳмонда, ҳамзамон, бо вазъи оилаҳои ниёзманд аз наздик шинос мегарданд.
“Имрӯз дар кишвар расондани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст”, - гуфтанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин замина, дар пайравӣ ба Пешвои миллат, ки бо эҳсонкорию саховатпешагӣ барои ҳамагон намунаи ибратанд, раиси ноҳия дар баробари бо мардум вохӯриҳо гузарондан, ба оилаҳои аз ҷиҳати моддӣ таъсирпазир ёрӣ иборат аз маҳсулоти ғизоӣ ва молиявӣ мерасонад.
- Ҳамаи ин осоишу оромӣ, таваҷҷуҳи амиқ ба қишрҳои ниёзманд аз сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шукри ин фарзанди фарзонаи миллат, ки намегузорад, то мо эҳсоси дасткӯтоҳӣ дошта бошем, – гуфт Шамъигул Носирова, собиқадори маориф, сокини деҳоти Меҳнатобод, ба раиси ноҳия, ки ба аёдати ӯ бо дастовезҳо омада буд.
Ҳамзамон, дар ҳамин деҳот Икромиддин Вализода ба дидорбинии Нишонбӣ Ҳафизова, ки ба синни 88 расида, ҳоло бистарӣ мебошад, рафта, ба ӯ ва аҳли оилааш аз номи Ҳукумати мамлакат маводи ғизоӣ расонд.
Модари меҳрубон аз ташрифи меҳмонон шод шуда, миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ва ба роҳбарияти ноҳия баён дошта, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз дуои нек намуд.
Дар деҳоти Сарвати Истиқлол ба Муҳаммадраҳим Ҳакимов, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дорад, аробачаи маъюбӣ ва маҷмӯи маводи ғизоӣ дастрас шуд.
Аз чунин ёриҳо аъзои оилаҳои эҳтиёҷманди деҳоти Заргар Шодигул Шарифова, Хосият Кулолова, Назарбек Тешаев, Мирзоёр Самадов, Меҳрона Ёқубова ва Ҳомидбек Давлатов бархӯрдор шуданд.
- Ҳар вақте ки ба нафарони эҳтиёҷдошта мадад мерасонем, ин суханони Пешвои миллат ба хотирам меоянд: “Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт”. Он гоҳ, рости гап, фикр мекунам, ки мо бояд боз ҳам бештар ба ҳамаи қишрҳои ниёзманд ёрии моддӣ расонем. Биноан, зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия доираҳои соҳибкорӣ ва шахсони имкониятҳои молиявияшон васеъро ба давом додани ин гуна амалҳои хайр даъват мекунам, - гуфт раиси ноҳия.
Дар ҳамин замина, Икромиддин Вализода бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхорӣ зоҳир кардан нисбат ба онҳо дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо 43 ятим ва наздикони онҳо вохӯрда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. Раиси ноҳия аз шароити зиндагонӣ ва таҳсил пурсон шуда, зикр намуд, ки онҳо таҳти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. Баъдан, ба ҳар иштирокчии вохӯрӣ маблағҳои пулӣ ва хӯрокворӣ тақдим кард.
Наврасону ҷавонон миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иброз дошта, зикр карданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баъд аз хатми он саҳми худро дар пешрафти ноҳия ва Тоҷикистони азиз мегузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2021 №: 36 Мутолиа карданд: 461