фарҳанг
ШОХАИ ДАРАХТИ ИСТИҚЛОЛ
Аз истиқлолият дили саршори шодӣ ва пур аз ҳамду сано дорем. Истиқлолият бахту саодат, нафаси озоди ману фарзандонам, ману миллату ҳамватанони ман аст. Ин дарахти баруманд меваҳои шаҳдбор дорад. Ваҳдати миллӣ шохаи пурбори истиқлол аст.
Баъдан: роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, шаҳрҳо, раставу хиёбонҳо, боғҳои рашки ҷаҳони меъморӣ. Ва Сарвари оқилу дурандеше, ки сокинони бисёр давлатҳои дунё орзуи чунин роҳбар доштанро мекунанд.
РОҲИ САДСОЛА…
Дар соире аз соҳаҳои иҷтимоӣ ё худ хоҷагии халқ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз роҳи садсоларо дар се даҳсола тай зад.
Бигирем: роҳҳову тунелҳо, неругоҳҳову хатҳои муқтадири интиқоли барқ, мактабҳову донишкадаҳо ва шаҳрҳо, раставу хиёбонҳо.
Аз 80 соли умр, ки дар Душанбе сипарӣ гардид, се даҳсолаи он ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ҳама маҳалҳои пойтахт чун оина дар кафи даст пеши чашми мо буд. Вале меъмории солҳои истиқлолият ақлуҳушрабоянд, бошукӯҳ муҳташам ва дар зебоӣ беҳамто. Дар он ҷойҳое беибо мегаштем, ҳоло роҳгум мезанем. Аз зебоии Душанбе роҳгум мезанем.
Роҳҳо ба водии Вахш, Кӯлобу Ховалингу Рашт ва Суғд аз як то 2, 3, 4 соат ба ҷои 3, 4 - 6, 24 соат ҳайратангез аст, файзи истиқлолият.
Ва дар тавсифи он аҳли қалам аз по то сар қарздор.
МУҲАББАТИ БУЗУРГ
Ва дигар, ин ки мо ҳам ҷавон будем. Вале дар ягон давраи ҷавонӣ аз даҳ яки он ғамхориҳое, ки ба ҷавони имрӯза аст ва садяки меҳрубониеро, ки ба наврасони имрӯза аст, надидем.
Ва боз хонаҳои пиронсолону интернатҳои маъюбон.
Ҳақиқатан ҳам, Пешвои муаззами миллат ҷавонону наврасон, пирони рӯзгору одамони имконияташон маҳдудро хушбахту саодатманд гардондааст.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонону маъюбон падар, барои наврасон бобо, барои пиронсолон фарзанди меҳрубон аст.
Ва ин ҳама меҳрубониҳоро мо аз файзи истиқлол ва сиёсати одилонаи Президенти мамлакат мебинем.
ПУБЛИТСИСТИКА
Замони ҳозира, замони публитсистика ва нависанда аст. Замони пуррангу хурӯш ва 5 сол қабл китобам бо номи «Ҳикмати умр» иборат аз очеркҳои бадеӣ ва қиссаҳои публитсистикаи адабӣ нашр шуд. Ва ду сол пеш романи публитсистикаи адабӣ бо номи «Қаҳрамони замони мо» аз чоп баромад. Нақди адабӣ ба ҳар ду китоб ҳам баҳои сазовор дод. Ва боз андешаҳои хонанда.
Вале ин ҳама пеши ҷӯшу хурӯше, ки ҳаёти имрӯзаи мо дорад, қатраест аз баҳр. Ба ин шохаи муҳими насри адабӣ, ки онро нависандагони муътабари ҷаҳонӣ намаки адабиёт гуфтаанд, бояд тамоми аҳли қалам рӯ оварад.
Мавзӯъҳо бисёранд: минтақаҳои иқтисодӣ, бунёди иншоотҳои бузург, корхонаҳои зиёди саноатии бо технологияи ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз, ривоҷи корхонаҳои мошинсозӣ ва воситаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. Сухани Сарвари давлат гавҳар аст. Паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат пур аз қаҳрамонони замони мо, нишондоди фардои босаодат.
Чун кор ин асту пешрафт ин, дер нест он рӯз, ки по ба шонаи Хуршед гузорем.
Раҷаб МАРДОН, нависанда
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2021 №: 36 Мутолиа карданд: 546