logo

маориф

МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ МАСОИЛИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ

Дар Паёми имсола радифи дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои рушди илму маориф ва фарҳанг зоҳир шуд. Махсусан, ишора гардид, ки: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Дар робита ба ин, Пешвои миллат омӯзиш ва татбиқи ташаббус ва таҷрибаи муфиди мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. 
Пешвои миллат дар Паёми хеш натиҷаҳои судманди озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - ро бо қаноатмандӣ ёдрас шуданд. Ишора  гардид, ки ҳадаф аз ин ташаббусҳо «баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад». Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1 сентябри соли 2021 стипендияи ин гурӯҳ ба андозаи 30 фоиз зиёд шуд, ки ин иқдом низ аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат дар самти дастгирии намояндагони илму маориф дарак медиҳад.
Ба касе пӯшида нест, ки масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон дар сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат ҷойгоҳи намоёнро ишғол мекунаду ин гурӯҳҳои осебпазир ҳамеша аз меҳрубониву ғамхориҳои Сарвари давлат бархӯрдоранд. Дар Паёми имсола ба Ҳукумати мамлакат супориш шуд, ки барои бунёди се мактаб – интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд. Супориш шуд, ки дар ин муассисаҳо шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё шавад. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ятимони кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Илова бар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудаанд, ба андозаи 20 фоиз, нафақаи кӯдакони маъюби то 18 -сола, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидаанд, мутаносибан ба андозаи 20 ва 50 фоизӣ зиёд  шавад.
Таъкиду супоришҳои Президенти мамлакат дар самти тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дониш дар ҳама зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, пешгирии терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб метавонанд ба ҳайси масоили мубрами замони муосир мавриди арзёбӣ қарор гиранд ва ҳамчун барномаи мукаммал барои муназзамсозии рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мусоидат намоянд.
 
Умеда САРҲАДОВА,
омӯзгори МТМУ № 78 ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 5165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед