logo

иҷтимоиёт

ТЕРРОРИЗМ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ОСУДАГИСТ

Терроризм ва экстремизм дар тамоми шаклҳои зуҳури худ дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи он дар сархат ё авлавияти кори аксари кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Зеро ин зуҳуроти номатлуби аср борҳо аломат додааст, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон наметавонад, аз таҳдиду хатароти он дар канор бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок қарор дорад. Аз ҷумла, кишвари мо бо созмон додани чандин ҳамоиши байналмилалӣ ва мизбонии конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ин амрро собит намудааст. Намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ борҳо ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешгирии терроризм, таҳкими амният дар минтақа ва мавқеи сулҳҷӯёна дар ҷаҳон баҳои баланд доданд.
Дар робита тавсеаи фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ таҳлилҳо нишон доданд, ки гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз имконоти васеи иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ сафи пайравони худро афзуданд. Фаъолияти эмиссарҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ҳанӯз аз ёд нарафтааст, ки чӣ гуна бо истифода аз эҳсосоти динӣ ҳазорҳо ҷавони ноогоҳро ба сафи хеш ҷалб намуда, қурбони амалҳои даҳшатбор карданд. 
Мутаассифона, дар қатори дигар сокинони сайёра шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони дар мусофират қарордоштаи мо низ зери таъсири чунин созмонҳои ифротгаро қарор гирифта, ба тирароҳи терроризму экстремизм пайвастанд, ки пайомадҳояш барои аксарият фоҷиавӣ ва барои бархеи дигар то кунун норӯшан аст. Аксари фирефташудагон замоне ангушти надомат газида, аз карда пушаймон шуданд, ки шинохти чеҳраи аслии гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва мубаллиғони ифротгароӣ барояшон муяссар гардид. Вале раҳоӣ аз ин дом барои бисёриҳо номурод анҷом шуд ва қисме бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргаштанд.
Доираҳои таҳлиливу марказҳои омӯзишӣ ба ин хулоса расиданд, ки ҳеҷ як тавонмандии қудратӣ бо намоиши яроқу аслиҳаи вазнини ҷангӣ қодир нест, ки терроризму экстремизмро дар ҷаҳон маҳв созад. Чуноне таҷриба нишон дод, дар ин самт танҳо ҳамоҳангии соз-мону ҷомеаи кишварҳои ҷаҳон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои идеологӣ натиҷаи бештар хоҳанд дод. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки ин ҳақиқат солҳои охир иқдомотеро рӯи даст гирифт, ки дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва эмин доштани ҷавонон аз ин хатар натиҷаи нек ба бор овард. Ташкили ҳамоишу чорабиниҳои тарғиботии зиддитеррористӣ, ки бо ҷалби доираҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ васеъ ба роҳ монда шуд, мағзи ҷавононро ба самти мусбат тамоюл бахшид ва шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ кард. Гузашта аз ин, бо тағйирот ба қонунгузории ҷиноятӣ онҳое мавриди авф қарор гирифтанд, ки дар гузашта ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, аз ин амали хеш сидқан изҳори пушаймонӣ кардаанд. То кунун дар пайи ин тадбир даҳҳо нафари гумроҳ ба Ватан баргашта рӯ ба зиндагии осуда оварданд.
Ҳоло ҳам раванди воқеот нишон медиҳанд, ки амалҳои харобиовару фоҷиавӣ ва таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ аз байн нарафта, саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз усулҳои нави мағзшӯӣ тавсеахоҳии худро идома медиҳанд. Пас, дар чунин вазъ, зарур аст, корҳои тарғиботӣ ва роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз  ҷараёнҳои номатлуб бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ идома пайдо кунад. 
Бо назардошти он ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ситезаҷӯ зимни ба амал баровардани ҳадафҳои тахрибкоронаи хеш, асосан рӯи ҷавонон меандешанд, бояд ин доира дар назди давлату миллат масъулияти бештар эҳсос намояд. Зеро, агар дур наравем ин амр дар фаъолиятҳои иртиҷоии ташкилоти террористӣ - экстремис-тии ҳизби наҳзати исломӣ ҳамеша ба назар мерасад, ки роҳбарони фирории он рӯи тарҳи мағзшӯии ҷавонон ва ба сафи созмони террористии худ шомил кардани онҳо кор мекунанд. Аз ин рӯ, бояд оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯ ба хубӣ шинохта шаванд ва муборизаҳо барои суботу оромӣ тақвият ёбанд.
Қобили зикр аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризму экстремизм нақши фаъол дорад. Ин ниҳод муқовимат бо экстремизмро ба воситаи пешгирии интиқоли маводи экстремистӣ аз сарҳади гумрукӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок, инчунин, адабиёт, варақа, маводи видеоӣ ва аудиоии мазмуни экстремистидошта амалӣ мегардонад, ки минбаъд низ бо эҳсоси масъулияти баланди кормандонаш идома хоҳад кард.
 
Боймурод ФАЙЗУЛЛОЕВ, 
сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 453
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед