logo

иқтисод

ЧАРОГОҲ. БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ НЕСТШАВИИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва барқароршаванда, аз ҷумла чарогоҳҳо роҳи  асосии манбаи устувори рушди чорводорист. Бе чарогоҳ чорводориро, ки саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам кишоварзӣ хеле зиёд аст, пеш бурдан ғайриимкон аст. Мутаассифона, солҳои охир бинобар истифодаи нодуруст фоидаоварии чарогоҳҳо коҳиш ёфтааст. 
Тибқи гуфтаи мутахассисони соҳа,  масоҳати умумии чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ 4 миллион гектарро ташкил медиҳад. Ин чарогоҳҳо аслан дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар ҷойгир буда,  ба чарогоҳҳои тобистона, тирамоҳӣ, зимистона ва тирамоҳию баҳорӣ ҷудо гардидаанд. Чарогоҳҳои калон аслан дар  вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (Ваҳдат, Рӯдакӣ) арзи ҳастӣ доранд.  
Мувофиқи тадқиқи идораҳои зидахл, имрӯз қисми зиёди  заминҳои чорводорӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳолати деградатсия (таназзул) қарор доранд. Коршиносони соҳа бар он ақидаанд, ки ба ин, пеш аз ҳама, омилҳои антропогенӣ (таъсири харобкоронаи одам ба муҳити атроф) сабаб шуда метавонад. 
Деградатсия - ин вайроншавии чарогоҳ ба воситаи боду об ва  иқлим  мебошад, лекин онро одамон низ метавонанд ба вуҷуд оранд. Яъне истифодаи ғайримақсадноку бенизоми чарогоҳ ё ин ки чарондани  саршумори зиёди чорво дар як минтақаи хурд ба  деградатсияи он оварда мерасонад.  
 
ЧАРОГОҲҲО БА ЗАМИНҲОИ КИШТУКОР ТАБДИЛ ЁФТААНД
 
Тайи даҳсолаҳои охир бенизомӣ дар истифодаи чарогоҳҳо боиси рӯ ба таназзул овардани қисми зиёди  роҳҳои чорвогузар ва подаҷо, қариб аз фаъолият бозмондани тамоми инфрасохтори чарогоҳ мегарданд.  Чорводорон ҳангоми чарондан ва рондани чорво аз як ҷо ба ҷои дигар ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.  Бо мақсади таҳқиқу татбиқи самтҳои афзали рушди чарогоҳҳои мамлакат, муайян кардани стратегияи идораи устувори чарогоҳҳо дар заминаи қонунгузориҳои мавҷуда, таҳия ва истифодаи  моделҳои муосири хоҷагидорӣ зарур аст, ки  яке аз ҷузъиёти муҳими он истифодаи самараноки чарогоҳҳо, заминҳои корам ва ҷангалзорҳо  ба шумор меравад. 
- Бо мақсади нигоҳ доштани чарогоҳҳо аз таназзул аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пешниҳоди мутахассисони соҳа соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи истифодабарии чарогоҳҳо» қабул гардид. Бо қабули қонун беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, идоракунии устувори замин, банақшагирии фаъолият оид ба рушди чарогоҳҳо ва чорводорӣ, азхуд намудани малакаи идоракунӣ, барқарорсозии заминҳои бодлес, таҳкими иқтидори идоракунии самараноки захираҳои замин танзим мегарданд. Қонуни мазкур истифодаи дурусти чарогоҳҳоро танзим намуда, фарсудашавии онро пешгирӣ менамояд. Ҳамчунин, саршумор ва вақти муайяни истифодаи чарогоҳро ба низом дароварда, аз шахсони масъули дарчарогоҳбуда, талаб мекунад, ки ҳангоми гузаштани чорво аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар, сабзиши рустаниҳоро ба инобат гиранд. Вале баъзан маврид ҳангоми рафтани чорво ба чарогоҳи мавсимии дигар чарогоҳ беназорат монда, дар натиҷа чорво  рустаниҳоро решакан карда, тухми онро нобуд месозанд. Ин ҳолат  ба нестшавии рустаниҳо оварда мерасонад.  Чунин омилҳо сабаб гаштанду  баъзе чарогоҳҳоро хусусӣ ва ба шаклҳои гуногуни истифодабарӣ тақсим намуданд. Чунин муносибат сабаб гашт, ки  қубурҳои обгузари чарогоҳҳо аз кор баромаданд. Ҳоло баъди қабули қонун заминҳо боз ба ҳолати чарогоҳӣ баргардонда мешаванд, - иброз дошт Наҷмиддин Раҷабов, муовини директор оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои кишоварзии Институти чорводории АИКТ.
Ҳоло баъзе  минтақаҳои чарогоҳӣ  аз  ҷиҳати нарасидани об  низ танқисӣ мекашанд. Агар чарогоҳ бо об таъмин бошад, муҳлати истифодаи он зиёд мешавад. Сабзишу инкишофи рустаниҳои дар чарогоҳбуда ба як низоми муайян медароянду дар чаҳорчӯбаи меъёр  нумӯ мекунанд. 
 
ТАДБИРҲО БОБАТИ БЕҲТАР КАРДАНИ ЧАРОГОҲҲО 
 
- Дар кишвари мо ҳолати афзоиши саршумори чорво ва номувофиқатии имкониятҳои мавҷуда дар парвариши он нуфуз мекунад. Чарогоҳҳоро беназорат истифода бурда, саршумори чорворо зиёд кардан гирем,  чарогоҳ пурра ба деградатсия дучор мешавад ва ба биёбон табдил меёбад, - илова кард Наҷмиддин Раҷабов. 
Усули ба таври қитъавӣ истифода бурдани чарогоҳ аз тарафи олимони мо низ ба роҳ монда шуд, ки тадбири натиҷабахш аст. Масалан, 10 – 20 гектар замини  чарогоҳ дорем, онро ба қитъаҳо ҷудо карда, саршумори муайяни чорво дар  он чаро мекунад ва чарогоҳҳои дигар барои баргаштани чорво омода мегарданд.
Ҳоло зарурати ба таври густурда истифода намудани ин усул пеш омадааст. Ҳамзамон, тарзи нигоҳдорӣ, парвариш, истифодаи чарогоҳҳо ва гузарондани қоидаҳои агротехникиро дар ҳамбастагӣ бо дастовардҳои илмӣ бояд ба роҳ монем. Вақте илм бо истеҳсолот алоқамандии зич пайдо мекунад, ҳам соҳа пеш меравад ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиати бештар ба даст меояд. 
 
Нигина РАҲМОН,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед