logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ С. ЯТИМОВ БО ҲАЙАТИ МАҚОМОТИ МАРЗБОНӢ ВА КОР БО МУҲОҶИРОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин  Ятимов ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирони Иттиҳоди Аврупо – Анджей Якубшек, директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде, мудири бахш оид ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска, масъули аршади тамос оид ба бозпасгардониро ба ҳузур пазируфт.
 
Қобили зикр аст, ки, ахиран, дар Иттиҳоди Аврупо зерсохтори алоҳида барои бозпасгардонии муҳоҷирон бо таъйини намояндаи махсус дар Осиёи Марказӣ таъсис ёфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпасгардонии шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки дар давлатҳои Аврупо ғайриқонунӣ сукунат дошта, хатари муайянро барои ҷомеаи аврупоӣ эҷод менамоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саймумин Ятимов таваҷҷуҳи ҳайатро ба фаъолияти тахрибии ТТЭ собиқ ҲНИ ҷалб намуда, таъкид сохт, ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дурӯғин ва бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд.
Ба шарикон маълумоти муфассал ва далелҳои ҳуҷҷатӣ оид ба ҷиноятҳои содиркарда ва амали тахрибии баъзе фаъолони ТТЭ собиқ ҲНИ, ки, ҳамзамон,  ба содир намудани  хиёнат ба Ватан дар пайи гирифтани иҷозати иқомат дар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд,  пешниҳод гардид. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ, марказ ва воситаҳои роҳандозии фаъолияти ҷинояткоронаи  чунин ашхос бо далелҳои муътамад ба таваҷҷуҳи масъулони Полша ва Иттиҳоди Аврупо  расонда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорон, инчунин, пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд.  “Харитаи роҳ” дар ин масъала таҳия ва шахсони масъул муайян гаштанд.
Ҳайати меҳмонон, ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ пазируфта шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои номбурда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 854
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед