logo

иқтисод

ЗИМИСТОНИ БАДАХШОН. АГАР КОНИ АНГИШТИ РАВНОБ АЗ НАВ ФАЪОЛ МЕШУД...

Зимистони минтақаи Бадахшони Тоҷикистон аз дигар манотиқи кишвар  фарқ мекунад. Дар ин ҷо фасли сармо 6 - 7 моҳ давом карда, дар ғарби вилоят ҳарорати  ҳаво то  20 - 30 дар қисмати  шарқии он то  40 ва дар  водии  Булункӯл то 50 - 60 дараҷа хунукӣ мерасад. 
Дар ҳоле ки манбаъҳои дигари тавлиди энергия дар вилоят каманд, қувваи барқ воситаи маъмултарин ва боэътимодтари ҳалли мушкилоти сокинони вилоят дар самти гарм нигоҳ доштани  манзили зисту ҷойи кор, пухтупаз ва равшанӣ ба ҳисоб меравад. Аммо мушкил он аст, ки на ҳамаи сокинони ин минтақаи кӯҳистон имкон доранд, бо истифода аз қувваи барқ мушкилашонро ҳал намоянд, зеро нархи қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гаронтар аст. Нархи барқро ширкати “Помир энержи” дар асоси шартномаи контсессионӣ, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба имзо расидааст, бо назардошти қурби доллари амрикоӣ муайян мекунад ва он вобаста ба  афзоиши қурби доллар дар қиёс бо асъори миллӣ рӯ ба афзоиш дорад. Айни ҳол як киловатт-соат барқ барои аҳолӣ бо нархи 31 ва ба корхонаву муассисаҳои  тиҷоратӣ  58 дирам  фурӯхта мешавад. Агар як хонавода  ба ҳисоби миёна дар як соат 3 киловатт қувваи барқро  барои  пухтупаз, гармкунии манзили зист ва равшанӣ сарф намояд, дар 24 соати як шабонарӯз 72 кВт ва дар давоми як моҳ хароҷоти қувваи  барқи хоҷагӣ ба  2160 кВт мерасад. Яъне, сарфаи як хоҷагии вилоят барои истифодаи қувваи барқ дар як моҳи мавсими зимистон тақрибан 700 сомониро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, қувваи барқ дар қиёс бо дигар манбаъҳои энергия дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзонтар ба ҳисоб меравад.  Масалан, нархи як метри мукааб ҳезум дар деҳоти вилоят 100 - 120 сомонӣ ва як килограмм ангиштсанг  аз 1,8 то 2 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин боз ҳаққи хизмати нақлиёт ва ронандае, ки ҳезуму ангиштро аз нуқтаи савдо то ба манзили талаб мерасонад, зам мешавад. Агар хоҷагӣ дар давоми як моҳ 600 килограмм ангишт ва се метри мукааб ҳезум барои як бухорӣ  сарф намояд, камаш 1500 сомонӣ бояд пардохт намояд. Агар 2 ва ё 3  бухориро истифода кунад, хароҷот 2 - 3 маротиба меафзояд. Аммо зимистони Бадахшон  як-ду моҳ давом намекунад. Дар ин ҷо камаш дар як мавсим 6 - 7 моҳ алов кардан лозим меояд. Оё ҳамаи сокинони вилоят тавони хариди ин миқдор ҳезуму ангиштро доранд?
Вазъият дар муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд низ, қонеъкунанда нест. Маблағҳо барои зимистонгузаронӣ нигаронидашудаи ин муассисаҳо  сол ба сол афзоиш меёбанд, вале нарху наво, аз ҷумла нархи ангишт ҳам, дар як нуқта қарор намегирад. Агар 3 - 4 сол пеш нархи як килограмм ангишт дар  нуқтаҳои фурӯши шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он 1 - 1,20 сомониро ташкил дода бошад, имрӯз дар ин ҷо аз як сомониву 80 дирам арзонтар ангиштро пайдо кардан ғайриимкон аст. Нархи ангишт дар деҳоти дурдасти водии Вахони ноҳияи Ишкошим ва водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа боз ҳам гаронтар аст. Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои зимистонгузаронии муассисаҳои самти иҷтимоии вилоят маблағҳои зиёд равона мекунад. Мутаассифона, ҷиҳати дар ҳудуди вилоят фаъолият надоштани ягон кони истихроҷи ангишт ин маблағҳо ҳамон тавре ки ба вилоят меоянд, ҳамон тавр аз ҳудуди вилоят, ҳатто, қисми онҳо аз ҳудуди кишвар мебароянд.  Маблағҳои ба ин мақсад равонанамудаи  Ҳукумати кишвар  ба муассисаву ташкилотҳои буҷавии ноҳияи Мурғоб пурра ба кони ангишти Алайи Ҷумҳурии Қирғизистон ирсол мегарданд. Барои аҳолӣ, идораву муассисаҳои ғайрибуҷетии ноҳияи Мурғоб ва қисми зиёди сокинони  ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим ҳам  ангишт аз кони Алайи кишвари ҳамсоя бо нархи 2 - 2,2 сомонӣ барои як кило дастрас карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки чанд соли охир масъалаи аз нав фаъол намудани кони ангишти  Равноби ноҳияи Дарвоз ҳалли худро намеёбад. Агар  имрӯз  истихроҷи ангишт аз ин  кон  аз нав ба роҳ монда мешуд, ҳам нарху навои ангишт дар  вилоят  коҳиш меёфт, ҳам маблағҳои барои  зимистонгузаронӣ ихтисосдодаи муассисаҳои буҷавию ғайрибуҷавӣ ва ҳам аҳолӣ аз  вилояту кишвар берун намебаромаданд. Боз чӣ қадар сокинони ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи кор мешуданд?! Шояд вақти он расидааст, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар барои  ҳалли ин мушкилоти як вилояти калони кишвар чораҷӯӣ намоянд. Мусаллам аст, ки дар шароити  Бадахшон барои таъмини зимистонгузаронии муътадил ва  фаъолияти мунтазами идораву муассисаҳои он танҳо ба қувваи барқ умед бастан чандон оқилона нест. Зеро сардии зимистони Помир ҳар замон метавонад,  боиси бамаротиб кам шудани ҳаҷми об дар  дарёву рӯдхонаҳо,  афзоиши яхбандиҳо  дар онҳо ва дар ин замина коҳиши  истеҳсоли барқ ва интиқоли он ба шаҳру деҳот гардад. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар  таъминоти  аҳолии вилоят бо ангишт, асосан, ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардид. Он гоҳ ҳам сифати ангишт таҳти назорат қарор медошт ва ҳам пеши роҳи афзоиши ҳамасолаи нархи он гирифта  мешуд.  
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед