logo

иҷтимоиёт

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД... ИҚДОМИ ШОИСТАИ ВАСИЛААПАРО ИДОМА МЕДИҲАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ- обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеъҳои кӯҳистон бисёр мувофиқ мебошад. Ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро ба мисли дигар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ низ соҳибкорон ва сокинони деҳаҳо, алалхусус бошандагони водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом, пеш аз ҳама, бонувон хуб ба ҷо оварда истодаанд. 
Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ганҷинаи Саъдон солҳост, ки мардуми деҳот рустанӣ ва гиёҳҳои шифобахшро аз соҳилҳои рӯдхонаҳои Ванҷобу Язгуломоб, инчунин, ҷангалҳо, кӯҳсорону пуштаҳо ва алафзори наздики пиряхҳои Федченкову Хирсон, Кашолаях то миёнаҳои қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ҷамъ меоваранд. Дар ин амали наҷибонаву шоиста бонуи ташаббускор ва меҳнатдӯст Васила Ғафурова саҳми шоиста ва муносиб гузошта буданд. 
Ёдовар мешавем, ки Васила Ғафурова баъди солҳои дароз дар вазифаи раиси деҳоти Рованд бенуқсон фаъолият намудан ва амалҳои зиёди ободониро ба ҷо овардан, сипас, солҳои охири умр ба омӯзгорӣ машғул шуд. Ӯ инсони табиатдӯст буд. Ба гуфтаи сардори идораи Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ Иброҳим Қосимов, ҳаргоҳ Василаапа медид, ки баъзе мардони деҳнишин буттаҳои ангат, зелол ва гулхор, то ҳатто дарахтони чормағзро бераҳмона бурида, сарфи оташдонҳо менамуданду касе пеши роҳашонро намегирифт, дилтанг мешуд.
Баъди ба нафақа баромадан ин зани меҳнатдӯст қавл дод, ки саъю талош менамояд, ки ба буридани дарахтон дигар роҳ намедиҳад. Ҳамин гуна вай бо далерӣ ва иродаи мустаҳками худ тавонист, ки пеши роҳи чунин бераҳмиро нисбат ба табиати диёр бигирад. Сипас, вай даҳ нафар бонуро гирд оварда, ғӯраи ангату гулхор ва чормағз ҷамъ мекард. Аз атои табиат равғани ангату чормағз ва нӯшобаи гулхору дигар рустаниҳоро омода месохт. Ҳамин тариқ, ин амал пешаи ҳаёт гардид. Шавҳараш Нуриддин, фарзандон ва хешу таборон ба ӯ ёрӣ мерасонданд.
Ин зани ватандӯст панҷ сол муқаддам бо дастгирии Пешвои муаззами миллат корхонаи истеҳсоли равғани ангат, чормағз ва нӯшобаҳои дорувориро аз рустанӣ ва гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Ғуҷоваст созмон дод. Боиси сарфарозиаш шуд, ки дар расми баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ноҳияи Ванҷ сафари корӣ анҷом медоданд, ширкат намуданд. Роҳбари давлат ба бонуи ташаббускор Васила Ғафурова барои иқдоми наҷибона, бунёди корхонаи коркарди равғани ангату чормағз, нӯшобаҳои гулхор ва дигар рустаниву гиёҳҳои шифобахш, инчунин, ба соҳибкори муваффақ Муфарраҳ Муҳаббатов, ки ба хотири рушди деҳот ва сайёҳӣ маҷмааи истироҳатиро дар соҳили Ванҷоб бо номи «Ванҷи Боло» сохта, ба истифода дод, изҳори миннатдорӣ баён карданд. 
Мутаассифона, ҳоло зани номдор Васила Ғафурова дар қайди ҳаёт нест, вале корхонаи созмондодаи ӯ бенуқсон кор мекунад. Фарзандон ва шогирдонаш, бонувони ҷавони деҳаҳои Ғуҷоваст ва Вишхарвак пешаи устодашонро идома медиҳанд. Маҳсулоти шифобахши аз ғӯраҳои ангат, чормағзу рустанӣ ва гиёҳҳо тайёркардаи ин корхона дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлобу Бохтар, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар бо нархи арзон ба фурӯш бароварда мешаванд. Дар ин фасли зимистон корхонаи Ғуҷоваст ҳамарӯза фаъол аст. Аҳли хонавода ва ҳамдеҳагони Васила Ғафурова васияти ӯ: «Коргоҳамро бесоҳиб намонед»- ро ба ҷо меоранд. Ҳамзамон, дар ҳифзи сарватҳои нодири табиати диёри баландкӯҳ саҳм доранд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки дар вилоят кору амали накуи Васила Ғафуроваро даҳҳо бонувон идома дода истодаанд. Онҳо аз боигариҳои табиати нодир маҳсулоте истеҳсол менамоянд, ки барои саломатии мардум хеле зарур мебошанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 594
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед