ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
38 СОЛИ ЗИНДОН
БА ДУ ҶИНОЯТКОРЕ, КИ ДАР ГУРӮҲИ «МУЛЛО АБДУЛЛО» ШОМИЛ БУДАНД
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон А. Латипов ва М. Назаршоевро дар содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо муҷрим шинохта, ҳардуро ба муҳлати 19-солӣ бо адо намудани муҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт аз озодӣ маҳрум сохт.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, маҳкумшудаҳо соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи Абдулло Раҳимов бо лақаби «Мулло Абдулло» дар ҳудуди ноҳияи Нуробод шомил гардида, то соли 2001 ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнинро содир намудаанд.
Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории А. Латипов ва М. Назаршоевро Прокуратураи генералӣ бо моддаҳои 110, қисми 3, банди «а» (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ), 181, қисми 3, бандҳои «а,б» (ғасби гаравгон) ва 186, қисми 2 (бандитизм) – и Кодекси ҷиноятӣ анҷом додааст.
ДАСТ БА МОЛИ МАРДУМ
БОЗДОШТИ ЗАНИ ТИЛЛОДУЗД
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда, 14 феврал бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи савдои мансуб ба зани 30-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ дар бозори Корвон ворид шуда, ҷуфти ҷавоҳироти тиллоиро рабудааст. Дар пайи ин амал зарари расондашуда 7 200 сомонӣ ҳисоб шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2021 №: 38 Мутолиа карданд: 2484