иҷтимоиёт
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ
Басо рамзист, ки ҷашни имсолаи родмардони Ватан, 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ баробар ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад. Воқеан, таъсису бунёди Артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар зарфи се даҳсолаи ахир, ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфт.
Дар арафаи иди касбии муҳофизони Ватан, ки барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони баору номуси кишварамон санаи муҳиму пурифтихор аст, суҳбате доштем бо муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковник Абдусаттор Шоҳиён, ки фишурдаашро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
- Муҳтарам Абдусаттор Шоҳиён, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон нақши ҷавононро дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин хонданд. Назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
- Бешак, имрӯз ҳифзи марзу буми Ватан - Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонмардони далеру шуҷоъ – сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳамон гузошта шудааст. Ҷавонон дар баробари хидмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ, ҳамзамон, аз мактаби садоқату ватандорӣ мегузаранд. Агар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон бошад, пас яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Вазорати мудофиа тарбияи ватанпарастии ин қишри ҷомеа ба шумор меравад.
Воқеан, тарбияи насли ватандӯст вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ба шумор меравад. Муҳимияти ин нуктаро ба инобат гирифта, Вазорати мудофиа ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.
Аксари ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии онҳост. Аз ҳама муҳим он аст, ки худи насли ҷавони кишвар моҳияти арзишҳои олӣ - ватандӯстиву ҳимояи Ватан - Модарро дарк намудаанд. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Сарвари давлат имрӯз ба ҷавонон чун ифтихори давлату ҷомеа такя намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ ва нисбаташон ғамхориҳои бесобиқа зоҳир менамоянд.
- Ҳанӯз 20 феврали соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расид. Шумо, ки роҳбаладии корҳои сиёсию тарбиявиро дар Вазорати мудофиа ба зимма доред, мехостем аз ҳадафу ҷараёни татбиқи консепсияи мазкур дар ҷузъу томҳои вазорат ва, умуман, вазъи имрӯзаи ташкили корҳои сиёсию тарбиявӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ маълумот медодед.
- Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ маҷмӯи ғояҳо ва ақидаҳои муосир дар самти корҳои сиёсию тарбиявии мақсаднок дар байни ҳайати шахсӣ мебошад. Мақсади асосии консепсия муайян намудани тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, таъмини вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ, сатҳи касбият ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон вобастагии зиёд дорад.
Ин ҳуҷҷат вазифаву самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин, шеваи корҳои сиёсию тарбиявӣ ва технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсиро муайян намудааст. Асоси корҳои сиёсию тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, фарҳанги сиёсӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ, экологӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ, ташкил медиҳанд. Айни замон, консепсия чун як барномаи мукаммали корӣ дастурамали тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ карор гирифтааст ва дар ин замина дар қисмҳои низомӣ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, маишиву фароғатӣ доир мегарданд.
Илова ба ин, аз ҷониби масъулон дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо нашр гардида, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ мешаванд. Ташкилу баргузории маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарбозон нақши калон доранд, ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва адибони маъруфи кишвар доир карда мешаванд.
- Ҳоло дар мамлакат Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030 амал мекунад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст. Аз нигоҳи Шумо ҳамчун фарди низомии ботаҷриба ва олими соҳаи ҳуқуқ ин барнома кадом натиҷаҳоро ба бор хоҳад овард ва айни ҳол татбиқи он дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла афсарону сарбозон, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки афсарону сарбозон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд ва ин масъулияти онҳоро барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ баланд менамояд. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлат мебошад. Он дар робита бо тарбияи он, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва дигар намудҳои он анҷом дода мешавад.
Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур оид ба гузарондани чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ дар байни афсарону сарбозон, чорабиниҳо вобаста ба таълиму тарбияи ҳуқуқӣ бо ҳайати шахсӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори умум корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Баргузории корҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии хизматчиёни ҳарбию ғайринизомӣ дар ҷузъу томҳои вазорат мунтазам сурат мегиранд. Инчунин, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва паҳншавии мафкураи носолим дар байни ҳайати шахсӣ тибқи нақшаи муштараки таҳиянамудаи вазорат мунтазам дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, кор бо занон ва оила, дигар мақомотҳои давлатӣ маҷмӯи чорабиниҳо миёни афсарону сарбозон роҳандозӣ гаштаанд. Илова бар ин, дар мавриди фаҳмондани муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тадбирҳои муштарак андешида мешаванд.
Мусоҳибон Мавлон ШАРИФОВ, рӯзноманигор
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2021 №: 39 - 40 Мутолиа карданд: 604