иҷтимоиёт
ВАҚТЕ ХИЗМАТ ҚАДР МЕШАВАД...
23-юми феврал дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба даврае, ки Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳамагӣ як солу панҷ моҳ арзи ҳастӣ дошт, рост омад. Таъсисёбии Артиши миллӣ дастоварди азими даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дорои мутахассисони самтҳои гуногуни ҳарбӣ, техникаву технология ва таҷҳизоти муосири замонавӣ буда, барои муҳофизони Ватан ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд. Дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи ҳарбӣ ва дар сохтори донишкадаи мазкур коллеҷи ҳарбӣ амал дорад. Ҳамчунин, дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳа саҳм доранд. Боиси зикр аст, ки дар ташаккули муҳофизони касбӣ ва мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи ҳарбӣ кумаку мусоидати кишварҳои Россияву Чин, Олмону Фаронса, Амрикову Ҳиндустон хеле зиёд аст. Ҳамасола дар доираи созишномаҳои мавҷуда, теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ба ин кишварҳо фиристода мешаванд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат махсус таъкид гардид, ки «Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат менамоянд. Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд».
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат – Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳимояи марзу буми Ватан, оромии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, халалдор нагардидани осоиштагӣ ва зисту зиндагонии аҳолӣ, эмин будан аз хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ, гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ, амалҳои тахрибкоронаи террористӣ ва, дар ин росто, ҳушёрию бедории миллӣ ва зиракии сиёсиро пешорӯи афкору андеша ва амалҳои худ донистани ҳар як шаҳрвандро ҳамеша ва дар ҳар суханрониҳояшон махсус таъкид менамоянд. Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат имрӯз ба ҷавононе, ки хизмати Модар - Ватанро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адо кардаанд, имтиёзҳо муқаррар шудаанд. Барои мисол, тибқи тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2016, № 3839) ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 хол илова мешавад.
Банди 15 низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.07.2016, № 2122) кафолат медиҳад, ки «Муҳлати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таҳсил ҳамчун танаффус ҳисобида намешавад. Афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз муҳлати муайяншуда хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, новобаста аз муҳлати танаффус ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барқарор карда мешаванд”.
Такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» як қатор муқарраротро барои шаҳрвандон мушаххас намуд. Аз ҷумла, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо инобат гирифтани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти суд, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хадамотҳои гумрук ва иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул мегарданд.
Фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҷдиди назар шуда, хатмкунандагони чунин кафедраҳо пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок соҳиби билети ҳарбӣ ва рутбаи ҳарбии афсарӣ мешаванд.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як ҷиҳат эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фидоиёну муҳофизони Ватан бошад, аз ҷониби дигар, ташвиқу тарғиби моҳияти ин санаи муҳими таърихӣ ва ҷалби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ба ҳимояи Ватан, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои давлатӣ мебошад.
Раҷабалӣ САНГОВ,
Аълочии маориф
ва илми Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2021 №: 39 - 40 Мутолиа карданд: 562