иҷтимоиёт
ТАЪРИХ. МАКТАБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ 28-СОЛА ШУД
Соли ҷорӣ аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин солгардро бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳӣ таҷлил менамоянд. Ин рӯзи таърихӣ барои ҳар яки мо, махсусан барои наврасону ҷавонон, мактаби бузурги мардонагиву ҷасорат, садоқату вафодорӣ ва ватандӯстиву худшиносӣ мебошад. Зеро халқи сарбаланду ватандӯсти мо хуб медонад, ки Артиши миллӣ дар заминаи холӣ ва шароити ниҳоят вазинину душвор, яъне замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, таъсис ёфт.
Вале новобаста ба он ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан содиқонаю сарбаландона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, саҳми арзишманд гузоштанд. Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ шароити беҳтарини хизматро фароҳам оварда, бо истифода аз имкониятҳои молиявию иқтисодӣ ҷиҳати мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои заруриро меандешад.
Воқеан, тадбирҳои чанд соли охир дар ин самт андешидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар баробари ин, мардуми кишварро мебояд, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиштагии Ватан ва ободиву рушду ташаккулёбии мамлакат масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Халқи кишвар дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бо нангу номус, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро мебинад, ки ба савганди ҳарбии худ содиқу вафодор ҳастанд. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд: “Шубҳае нест, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамояд”.
Шерзод КОМИЛӢ,
омӯзгори ҳарбии МТМУ № 24
ба номи Чӯлибой Комилов,
шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2021 №: 39 - 40 Мутолиа карданд: 560