иҷтимоиёт
РАҲНАМОИ ҶАВОНОН
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа пайваста таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд. Ҳамагон шоҳидем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили илм, касбомӯзӣ ва фароғату маишати онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам омаданд. Дар ин ҷода, махсусан, ба илмомӯзии эшон диққати ҷиддӣ дода мешавад ва баҳри боз ҳам боло бурдани сатҳи донишашон, иқдомоти нав ба нав рӯи кор меоянд. Бавижа, аз ҷониби Роҳбари маърифатпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ин раванд такони тоза бахшид. Бо ишора ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат 26 январи соли равон, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, баён доштанд: «Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронда шавад».
Чун дар замони мо илму технология бо суръати кайҳонӣ рушду нумӯ мекунад, иқдоми навбатии наҷибонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафмандонаву дурбинона аст, имкон медиҳад, то чеҳраҳои нодири навовар, ихтироъкору кашшоф ба майдон оянд. Ҳамзамон, ин озмуни илмӣ-маърифатӣ барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар пойдевори мустаҳками илмӣ ва инноватсионӣ хоҳад гузошт.
Инчунин, бояд зикр сохт, ки беҳтар кардани вазъи иҷтимоии ҷавонон ҳаргиз аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур намондааст. Маҳз ба ҳамин хотир, дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат пешниҳод карданд, ки аз 1-уми сентябри соли равон стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторҳо 30 дарсад зиёд шавад. Мақсади чунин иқдомҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ доданд: “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.
Пас, ҷавононро мебояд, дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба донишандӯзӣ, аз бар намудани техникаву технологияи ҳозиразамон ва касбу ҳунар равона созанд. Зеро ин тақозои замони муосир аст ва танҳо шахси маърифатнок метавонад дар ривоҷу равнақи кишвари худ саҳми босазо гузорад.
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори раёсати таъмини ташкили кори
судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди
Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2021 №: 39 - 40 Мутолиа карданд: 650